барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Мояи хурсандии ман аст, ки ба Волоҳазрат табрикоти самимона ва орзуҳои неки бародаронаи худро ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар бифиристам ва ба Шумо сиҳатии бардавом ва ба мардуми бародари Қатар таҳти роҳбарии Шумо пешрафту шукуфоӣ орзу намоям.
Ман аз сатҳи робитаҳо ва ҳамкориҳои босамари мардумони бародари мо изҳори қаноатмандӣ намуда, ин фурсати некро ғанимат мешуморам, то бори дигар рағбати самимиамро дар идома додани кор бо Волоҳазрат баҳри таҳкими равобит ҷиҳати истиқрори амну субот ва пешрафти ҳар ду кишвар ва минтақа таҷдид намоям.
Хоҳишмандам ғояти эҳтироми маро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.14 №: 249 Мутолиа карданд: 3659