сафарҳо
Маросими ифтитоҳи бинои нави
сафорати Тоҷикистон дар Туркия
Субҳи 15 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки 16 март дар шаҳри Истанбул оғоз меёбад, ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.
Худи ҳамин рӯз Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок намуд.
Дар маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон, ҳайати расмии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Анқара ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок намуда буд.
Инак баъди се сол бинои нави сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин рӯйдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон зимни суханронии табрикии худ Тоҷикистонро кишвари дӯсту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногунҷанбаи худро бо Тоҷикистон таҳкиму густариш хоҳад дод.
Дар назди сафорат бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара ба шаҳри Истанбул рафт.
Бегоҳии ҳамин рӯз Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Сарвазири ин кишвар Реҷеп Тейип Эрдоган мулоқот анҷом медиҳад.
Пагоҳ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3953