маориф
РӮЗГОРЕ, КИ ДОНИШ МЕҶУСТАМ…
Хотираи як донишҷӯи муосир
Донишкадаи мо ба номи мубораки устод Сотим Улуғзода аст. Он барои омӯзиши ёздаҳ забони дунё ихтисос ёфта, танҳо мо будем, ки забони тоҷикӣ меомӯхтем. Донишҷӯёни гурӯҳи забонҳои англисӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва арабӣ, ки пас аз хатм соҳиби ихтисоси тарҷумонӣ мешуданд ва ҳатто бархе аз устодон низ ихтисоси муаллими забон ва адабиётро ҳақир мешумориданд.
Ҳатто омӯзгори ҷавоне ба писарони гурӯҳ гуфта буд: «Омӯзгорӣ барои духтарон хуб аст. Пас аз шавҳар кардан, ду-се соат дарс гуфта зиндагиашонро ҳам пеш бурдан мегиранд. Аммо писарон… Ҳайронам, шумо, ки дар назди волидайн ва оилаи ояндаатон масъулияти чандкарата доред, чӣ гуна рӯзгор ба сар мебаред. Русия рафтанатон ногузир аст».
Албатта, муаллима аз дилсӯзӣ мегуфту лек гуфтораш ҳаваси хонданро аз тафаккури навбунёди шаҳрии мо – деҳотиён чун сел бераҳмона мешуст. Не-не, шояд жолаи бемаҳале буд, ки ғӯраангуракҳои навшаклгирифтаро бераҳмона зада ба замин яксон мекард.
Ҳаждаҳ нафар писарону духтарони аз Суғду Хатлону Бадахшон омада якбора аз ихтисосамон дилсард шудем. Баъзе ҳамкурсони содалавҳамон ҳатто масъалаи ба дигар донишгоҳ, ҳадди ақал ба ихтисоси дигар гузаштанро ба миён гузоштанд. Яке ба шуъбаи ғоибона гузаштанӣ буд, дигаре мегуфт, рухсатии академикӣ гирифта, Русия назди падараш меравад. Ин андешаҳо, албатта маҳсули тафаккури худи онҳо набуд.
То анҷоми соли аввали хониш ин нақшаҳо ба назарамон амалинашаванда метофтанд. Муҳиту мардуми шаҳр, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ба хотир гирифтани суроғаҳои гуногун, рақамҳои хатсайри нақлиёти шаҳрӣ, рӯзгори озоду камбағалонаи донишҷӯӣ дар хобгоҳ, дар маҷмӯъ ҳамаи ин аз хониши ҳатмии донишкада мураккабтар буд.
Дар дил як навъ ҳаросу нобоварӣ доштем. Аммо нангу номус водор мекард, ки алорағми ин ҳама хуб хонем. Баъзан чунон фаъол мешудем, ки устодон дар ҳайрат мешуданд. Кам-кам ба худ меомадем. Акнун касе пешаи моро наҳ заданӣ шавад, ҷавоби муносиби мо тайёр буд, ҳарчанд шубҳа то ҳанӯз ба ояндаи неки касби мо соя меандохт. Танҳо як андеша моро таҳаррук мебахшид: «Аз ин қадар роҳи дуру дароз биёему пулҳои бо хуни ҷигар ёфтаи падару модарамонро сарф кунему боз нахонем, бекорагардӣ кунем?! Не, ҳаргиз. Бояд хонем!»
Мо мисли шохи пайвандие будем, ки дасти қисмат ба тани дарахти бузурги шаҳр пайванд мекард. Дар оғоз тана ва баргу бори бегона моро азият дод ва хушоянд ҳам набуд. Аммо оҳиста-оҳиста танаи бегона моро пазируфт. Дар ин байн ҳамаи пайвандҳо яксара нагирифтанд ва чанде бармаҳал хушкиданд.
Соли дуввуми хониш барои гурӯҳи мо айёми ҷудоиҳо буд, ки то ҳол бе фишурдани дил ёди он айём наметавон кард. Ду гурӯҳи филологӣ якто шуд. Шумораи омӯзгорони оянда ба 27 нафар расид. Чор нафар бо мо набуданд: Фарида духтараки қайроққумӣ соли дуюм ба хондан наомад. Шаҳло ба факултети дигар, ба ихтисоси забони англисӣ гузашт. Эътибор, ки шоирааш мегуфтему маҷмӯаи нахустинаш низ рӯи чопро дида буд, ба Донишгоҳи миллӣ рафт, пайи омӯзиши фалсафа шуд. Боз як ҳамкурси дигарамонро хориҷ карданд.
Пас аз хатми соли дуюм се нафар ҳамкурси бадахшониамон: Фозил, Саодатшо ва Рамзия рухсатии академикӣ гирифта, ба Маскав рафтанд. Панҷ нафари дигар: Нодир муҳоҷират, Малика Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, Жале Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ, Мавзуна ва Хуршед пас аз оиладор шудан шуъбаи ғоибонаи таҳсилро интихоб карданд. Мувофиқи шунидаҳоям Хуршед дар куҷое мусиқинавозӣ мекардааст. Аҷибтар он буд, ки ҳамсабақони «нақшаи пешакии фирор» аз донишкадаю ихтисос дошта, то охир таҳсилро идома доданд. Ба қавли модарам, кори дунё чаппа будааст. Ёдрас бояд кард, ки нахустин тартибдиҳандаи «нақшаи фирор» худам будам. Ростӣ, ман аз кӯдакиям ба пешаи муаллимӣ назари фақирона ва оҷизона доштам. Аҳволи ногувори муаллимони деҳаам – Ғазантаракро дида, эҳсоси тараҳҳумам боло мегирифт ва худписандона мегуфтам, ки ҳаргиз омӯзгор нахоҳам шуд. Аммо тақдир бо ҳарфҳои хоно дар пешонаам навишта будааст: «Муаллим мешавӣ»!
Ягона устоде, ки лахчаҳои хурд - хурди меҳри омӯзгориро дар танӯри дили мо пуф медод, Нуқра Ёраҳмадова буд. Ӯ аз фанни забони тоҷикӣ дарс мегуфт. Бо ҳазорон мисолу намунаҳои қотеъ, саргузаштҳои аҷибу ғариби муқаддасии пешаи омӯзгорро дар ниҳодамон зарра – зарра ҷой медод. Дили сарди моро гарм мекард. Дар суҳбатҳои ӯ чанд лаҳза бошад ҳам, худро омӯзгори асил, яъне соҳиби шаъну шараф мепиндоштем. Яке хаёлан, олими забоншинос, дигаре худро адабиётчӣ ва ману ҳамкурси ҳамномам Бузургмеҳр худро шоири даврон медидем. Вале як таъкиди доимии муаллима, ки донистани грамматикаи забони тоҷикиро шарти аввали омӯзгорӣ мегуфт, ба ман асло намефорид. Ин гуфтаи гӯиё аз устоди донишгоҳиаш шунидаро такрор мекард: «Шоирон бесаводтарин зиёиҳои ҷомеа ҳастанд». Гӯиё шоир бо забон сару кор мегирифтаасту лекин қоидаҳои забонро намедонистааст.
Сару сомони мо печидаи ғурури ҷавонӣ буд ва суханҳои муаллима ба «нафси шоирӣ»-и ман ва Бузургмеҳр сахт мерасид. Эътирози ниҳонии мо ғурунгосе беш набуд: «Агар шоир набошад, адабиёт набошад, пас мояи фахри тоҷикон чӣ аст?! Ихтироъкор надорем, ки мошин созад, кайҳоннавард надорем, ки ба Моҳ рафта бошад, пас аз чӣ бинозем?!». Гуноҳи хуб надонистани қоидаҳои забон дар гардан, эътирози мо ҳақиқате дошт.
Чун аксари одамон имрӯз лабу даҳон пур аз кафк аз «хонаҳои боҳашамати баландошёна», «нақлиёти муосир», «либоси наву мудшуда», «компютеру телефон» сухан мекунанд ва аз шунидани мафҳумҳои «китоб», «адабиёту шеър», «мусиқиву театр» дар абруяшон гиреҳ меафтад. Рӯ турш мекунанд аз гузаштаи хеш. Гуфтаи Расул Ғамзатов кош ҳалқаи гӯшашон мебуд: «Агар ба гузашта аз тапонча тир кушоӣ, ояндагон ба ту аз тӯп тир мекушоянд».
Чӣ инсоне буд Нуқра Ёраҳмадова? Бо вуҷуди ҳафтоду панҷсола буданаш табиати кӯдакона дошт. Гапаш обдору таъсирбахш буд. Аз сарзанишҳояш худ баъдан азоби рӯҳӣ мекашид. Пас аз як ё ду рӯз шогирди озурдаашро гарм ҳолпурсӣ мекард. Ҳамаамон ӯро дӯст медоштем ва «модари маънавӣ»-яш мехондем. Моҳе пештар аз хатм ғайриинтизор пеши ман омад ва сабаби «шоирон бесаводтарин зиёии ҷомеа» гуфтанашро модарвор шарҳ дод: «Ин гуфтаро ба он мақсад мегӯям, ки туро номус кунад ва забонро чуқур омӯзӣ. Ман медонам, ки ту шоири хуб мешавӣ. Лекин барои шоир донистани забон ҳатмӣ аст». Ин суханҳои узромезонаи ӯро шунида, пай бурдам, ки ӯ эътирози пинҳонии моро ҳис карда будааст. Ин аст, ки бори дигар ба бузургии ин зан қоил шудам. Дар муддати чор сол маҳз ӯ буд, ки ҷаҳонбиниву эҳсоси моро аз ҳама бештар дарк кард. Бо такони ӯ мо се-чор нафар маслиҳат кардем дар куҷое, дар кадом мавриде бошад, танҳо бо забони ноби адабӣ гап мезанем. Мо шакли дурусти баъзе мафҳумҳои дар забони мардум русишударо ба тоҷикӣ тарҷума мекардем (ҳарчанд ягон нафарамон забони русиро намедонистем, чун заминае дар мактаби миёна надоштам). Мардуми шаҳр калимаҳои русии «пешеход», «знак», «астановка», «светафор» - ро дар жаргонҳои гӯшхароши тоҷикӣ истифода мебаранд: «Ака, пешиходда манш кн», «Братан, знакда манъ кн»… Мо ин ҳамаро ба ҷумлаҳои адабии тоҷикӣ иваз намуда истифода мебурдем: «Назди гузаргоҳ нигаҳ доред», «Бародар, дар истгоҳ боздоред». Дар дохили нақлиёт ҳама сӯи мо чашми ҳайрат медӯхтанд, гӯиё забони бегонаеро мешунида бошанд.
Кӯчаҳои бузургро гашта, аз навиштаҷоту овезаҳои тарғиботӣ хатоҳои имлоӣ меҷустем. Ҳар рӯз дар ҷараёни дарс хатоҳоро бо муаллима баррасӣ ва ташхис менамудем. Ҳамкурсам Шариф оид ба ҳамин мавзӯъ мақолаҳо чоп мекард, ҳатто кори хурди илмӣ таҳти унвони «Роҳ ёфтани хатоҳои имлоӣ дар ВАО» навишт ва дар конфронси илмию назариявии донишкада маърӯза кард. Аммо афсӯс, ин корашро давом набахшид, шояд рисолаи хубе мешуд.
Ба ҳама чиз, ки ба забону адабиёт марбут буд назари танқидӣ доштем, ин ба Нуқра Ёраҳмадова хуш меомад ва мо худро мисли инқилобчӣ ҳис мекардем ва ифтихоре ҳам доштем. Бо гузашти айём чанд нафари мо «хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош» гӯён аз эҳсоси тараққипарваронаи инқилобии хеш даст кашиданд.
Дигар барои мо танзу кинояи дунёбехабарон, ки дар шаъни филолог мегуфтанд, заррае аҳамият надоштанд. Гузарондани корҳои фарҳангии донишкада бар зиммаи гурӯҳи мо буд. Қариб ҳамаамон шомили гурӯҳи фарҳангии донишкада будему нотиқи минбарҳо, барандаву ободкунандаи маҳфилҳо, иштироккунандагони барномаҳои телевезионию радиоӣ, ҳама аз филологони мо гулчин мешуд. Ҳатто банду басти рӯзномаи донишкада - «Паёми донишҷӯ»-ро ҳам ба ману Шариф вогузошта буданд. Маҳфилҳои рангини адабию фарҳангӣ, вохӯриву нишастҳо бо намояндагони маъруфи илму адаб мегузашт, ки ташкилкунандагонаш аъзои гурӯҳи мо буданд. Дар сари ин иқдомҳо мададгорони мо муаллимаҳо Идигул ва Хосият буданд.
Ҳамин минвол дувуним соли донишҷӯӣ ба мисли боди баҳорон фораму фиребо гузашту давраи таҷрибаомӯзӣ ҳам расид. Таҷрибаомӯзӣ барҳақ, чашми моро кушод. Зеро барои мо ҳуқуқи дарс гуфтан доданд ва то кадом ҳад фараҳафзо ва муъҷизанок будани омӯзгориро худамон бевосита ҳис кардем.
Таҷрибаомӯзии мо ду сол пай дар пай дар мактаби миёнаи №54 ба номи Лоиқ Шералӣ гузашт. Толеи баланди мо буд, ки дар ин манзили азиз боз як занеро вохӯрдем шабеҳи Нуқра Ёраҳмадова. Ин зани наҷибу вологуҳар сарвари дабистон Раъно Ёроваи Зарафшонӣ буд. Камина ӯро тахаллуси Зарафшонӣ додаам, на бад-он сабаб, ки аз водии Зарафшон аст, балки дилаш дили дарёи Зарафшон аст. Хасу хору регу гилро яксон шодоб мекунад, сар ба санги соҳил зада то манзили ташналабон мешитобад.
Ӯ низ ихтисоси филологро дошт. Суханронии маҳин, рӯҳи матин ва иродаву қатъияташ ба чеҳраи отифааш бисёр ҳам муносибу мувофиқ буда, ба кас ҳаловате мебахшид. Кас наметавонист суханашро нашнавад ва ба зудӣ аз назди ӯ равад. Ин аст, ки бо баҳонаи масъалаҳои таҷрибаомӯзӣ тез-тез ба ҳуҷраи кориаш медаромадам, на он қадар зарур ва таъҷилӣ будани корамро фаҳмонида даҳ-бист дақиқа тарзи корбарӣ, муносибат ва муомилаи ӯро бо атрофиён мушоҳида мекардам. Боре ҳам дар бораи муаллима Ёрова аз нафаре ҳамкор, котиба ё худ шогирдаш шиквае нашунидам. Ҳатто ӯ ба фаррошзан, ки ҳуҷраи кории ӯро ҳар рӯз тоза мекард, чун модар муносибат менамуд.
Раъно Ёрова дар гузаштаи наздик ноиби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будааст ва имрӯз сарвари яке аз мактабҳои бонуфузи пойтахт. Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи ӯ дар фазои хотирам хаёлу орзуҳо кафтарвор ба парвоз меомаданд ва кӯдаквор ба худ мегуфтам: «Ҳамин зан бо ихтисоси омӯзгорӣ ба ин мартаба расидааст. Пас чаро ман ҳам мисли ӯ мудири маорифи ноҳия нашавам? Албатта мешавам. Ихтисоси ман ихтисоси бузургон аст».
Бале, на танҳо садҳо китоб, садҳо намоиш, ё худ як ҷомеаи бузург, балки як нафар низ метавонад чандин нафаронро аз паси худ барад, дар олами ҳиссиву ақлонии чанде дигар таҳаввулоту табаддулотеро ибтидо бахшад ва оқибат идеале шуда бошад. Раъно Ёрова ҳамчун ҳамкасби ояндаи мо идеали ҳақиқии мо буд ва маҳз муносибати хайрхоҳонаи ӯ моро боз ҳам наздиктар мекард. Маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ёдбуди устод Лоиқ гузаронидаи мо ба ин гувоҳ аст. Дар ин маҳфил ба ҷуз ҳайати устодони мактабу донишкада, олимон, шоирон, ҳунармандон ва ёрони устод Лоиқро даъват кардем. Чунин ҳамкории наҷиби мактабу донишкада дар рӯзномаю телевезион низ тарғиб шуд. Чун иштирокчии маҳфил ва омӯзгори ҷавон суҳбати моро дар шабакаи телевезионӣ сабт карданд. Чи рӯзҳои фаромӯшношуданӣ буданд он рӯзҳо, он рӯзҳое, ки мо хешро бори нахуст байни ҷомеа болиғу бузург эҳсос мекардем.
Талошҳои хастагинопазири айёми донишҷӯӣ барабас нарафтанд. Тилло бо обу лояш ҳам тиллост. Аксари ҳамкурсони мо ҳам донишҷӯ буданду ҳам коргари ин ё он соҳаи ҷамъиятӣ. Инсонҳои гавҳаршиносе моро ба ҳамкорӣ хостанд. Дӯсти наздики ман Шариф дар гимназияи Душанбе омӯзгорӣ мекард, ҳамзамон вазифаи котиби масъули рӯзномаи ҳамин гимназияро ба уҳда гирифт. Муҳаммад ва Саодатшо ба тифлони ҳамсояҳояшон дар Душанбе дарси иловагӣ аз забону адабиёт мегуфтанд, Кибриё котибаи ташхисгоҳи тиббӣ шуд, Фаррух ба масали «ба як мард чил ҳунар кам» содиқ монд ва аз як марди сандуқсози душанбегӣ ҳунари ӯро омӯхт. Райҳона ва Марзия бо масали «аз бекор - Худо безор» ба коргоҳи қаннодии Душанбе рафта, борҳо коми моро ҳам аз ширинӣ ширин мекарданд. Банда ғайриинтизор корманди нашриёти «Истиқбол» гаштам. Таърихи ба «Истиқбол» омадани ман ба сармуҳаррири маҷаллаи «Истиқбол», зани фариштахӯю дарёдил Латофат Кенҷаева робитаи ногусастанӣ дорад. Дасти ӯ ба сари мани деҳотӣ дасти муруввату меҳрубонӣ буд. Як китоб хотираву ёддоштҳои наку аз ӯ дорам, ки дар алоҳидагӣ хоҳам навишт. Ҳоло бо овардани як ёддошти кӯтоҳе иктифо мекунам: Устод Айнӣ агар нахустин ҳаққи қаламашро аз Садри Зиё гирифтаву гириста бошад, ман аввалин ҳаққи қаламамро соли 2011 аз дасти Латофат Кенҷаева гирифтам. Дар кафам сиву панҷ сомонӣ аз ҳуҷраи кории ӯ баромадаму чашмонам нам гирифтанд. Чун орзуи модарам буд, ки мегуфт: «Бачам, нағз хон. Мисли дигарон бо мардикорӣ, бо қувваи бозу не, балки бо ақлу хиради худодода ризқу рӯзӣ ёфтанро омӯз».
Ман гӯиё чашмаи зери санг будам, ки санг аз сари ман бардоштанд ва ба роҳи мақсудам озим шудам. Ҷӯшу хурӯше доштам ман, бо яке ханда, бо дигаре гиря…
Ба фарҷом, мо донишҷӯ будему дар як замон, кормандони давлатӣ низ ва ин ба ҷаҳонбинии мо бетаъсир намонд. Акнун дил ба оянда гарм метапиду иродаамон қавӣ буд, ки филолог метавонад ҳама кас бошад, на хас бошад. Донишкадаро хатм намуда, ҷуз хати пешона дар ҷайбамон шиносномаи омӯзгорӣ низ пайдо шуд. Бо ҳамин мо аз ҳам ҷудо нашудем, соли 2014 дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон шуъбаи магистратура кушода шуд ва аз собиқ гурӯҳи филологҳо ҳашт нафар шомили он шудем ва ҳоло ҳамчун адабиёт ва забоншиносони ҷавон саргарми таҳсилем.
Айёми донишҷӯ будану омӯзгор шудан бароям пайи бурди зиёд бохтҳо низ дошт. Ишқи аввалин, ишқи софу мубаррои бачагиам дар осорхонаи хотираҳо монд. Дар ин давра саломатиамро кам – кам аз даст додам. Дар маҷмӯъ худ худро даво кардам.
Мушкилтар аз ин дунёро падруд гуфтани модаркалонам буд. Азизтарине, ки сахт дӯсташ медоштам. Пиразане фариштаниҳод чи қадар заминиву ҳамон қадар осмонӣ. Замони кӯдакиамон, солҳое, ки вазъи оилавиамон нобасомон буд, аз бобою тағоиҳоям пинҳонӣ як пора гӯшт, пиёлае биринҷ ё се-чор дона картошка дар остину бағали камзӯлаш меоварду шиками моро сер мекард.
Модаркалонам аз шеърнависӣ ва хуб хонданам огоҳ буд ва фоли нек мекушод, ки коргари давлат хоҳам шуд. Ҳар дафъа хандаи беғаше карда, таъкид мекард: «Маоши аввалинатро ба ман мебиёрӣ».
Гоҳи аз деҳа ба Душанбе омаданам, аз нафақаи худ сад-дусад сомонӣ ба ҷайбам меандохт. Мардона ба худ қавл дода будам, ки маоши аввалинам аз ӯст. Маоши аввалинамро ҳам гирифтаму дареғ, ки дасти марг, нагзошт ба ӯ диҳам…
Чӣ ҳам гӯям ҷои ин таскин ба ҷуз ин мисраъҳо:
Эй ёр, биё, то ба ғами ёр бигирйем,
Озурдаву дилбурдаву беморбигирйем.
Ғамҳои азизони таги хок ниҳонро
Гӯем ба такрору ба такрор бигирйем.
Чи рост аст, ки хештан ба кӯраи оташ гудохтам, тақдири худ сохтаму набохтам, хешро худ сохтам ва дили ман имрӯз гарм метапад аз он боваре, ки дар ин роҳ ба ман инсонҳои покзамире чун Латофат Кенҷаева, Нуқра Ёраҳмадова, Раъно Ёрова ва бисёриҳо доданд.
Гармии дили ҳама инсонҳо ба зиндагӣ мудаввом бод!
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
магистри Академияи
илмҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2014 №: 250 Мутолиа карданд: 1894