маориф
«ШАРОИТ ХУБ АСТУ ДОНИШОМӮЗӢ БАД»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мақолаи Абдуҳалим Ҳусайнӣ «Шароит хуб асту донишомӯзӣ бад» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, 16.10.2014, № 201 (22506) дар машварати назди раиси ноҳия бо иштироки масъулони дахлдор, инчунин дар Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба маълумотатон мерасонем, ки дар ҳақиқат камбудиҳои дар мақола дарҷгардида дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷой доранд.
Барои бартараф кардани ин камбудиҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақша – чорабиниҳо таҳия гардида, ба масъулони дахлдор, мудири шуъбаи маориф ва ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои назорат ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон чораҷӯӣ намоянд.
То соли хониши нав ҳамагӣ дар ноҳия чунин як синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 фаъолият мекард, ки бо ташкил намудани чунин синфхонаҳо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар боло омада шумораи онҳо ба 4 адад расонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Муаллимон мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос гузашта истодаанд ва аз навигариҳои соҳа сари вақт огоҳ гашта, савияи дониши худро баланд мебардоранд.
Ба масъулон супориш шуд, ки сатҳу сифати донишомӯзии хонандагонро дар муассисаҳои таълимии ноҳия зери назорати ҷиддӣ қарор дода, сари вақт ба муаллимони ҷавон дастурҳои методӣ диҳанд ва онҳо аз муаллимони таҷрибадор омӯзанд.
Ҳ. АЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2014 №: 252 Мутолиа карданд: 1577