барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА РАУЛ КАСТРО РУС
1 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Боиси сарфарозии инҷониб аст, то самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба изҳор намоям.
Мутмаинам, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Куба пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.01.2015 №: 2 Мутолиа карданд: 1417