logo

сафарҳо

Дар шаҳри Истанбул Форуми 5-уми ҷаҳонии об идома дорад

16 марти соли 2009 Форуми 5–уми ҷаҳонии об дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ба кори худ шурӯъ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханронӣ кард.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии  худ дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об масоили гармшавии иқлим, кам шудани ҳаҷми пиряхҳои азим ва истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обиро, ки  дар обёрии заминҳои корам  ба назар мерасад, аз мушкилоти асосии вобаста ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, то 40 фоизи оби минтақа ҳангоми обёрӣ бебозгашт масраф мегардад.
Ба андешаи Сардори давлати Тоҷикистон, сохтмони обанборҳо ва нерӯгоҳҳои обӣ  ҳам баҳри истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои захирасозию истифодаи муназзами об ба манфиати кулли кишварҳои минтақа аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба нишондодҳои Стратегияи ҳамкории минтақавӣ доир ба истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ, ки дар доираи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид – СПЕКА таҳия гардидааст, таъкид намуд, ки «захираи газ ва нафт дар минтақа барои 60-70 сол боқӣ мондааст» ва изҳори нигаронӣ кард, ки «агар мо аз ҳоло барои истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии минтақа замина нагузорем, Осиёи Марказӣ дар оянда дучори мушкилоти ҷиддӣ хоҳад гашт».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри дастгирии кишварҳои эҳтиёҷманд «фондҳои дахлдори фавқулода дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шаванд».
Сардори давлати Тоҷикистон «Соли байналмилалии дипломатияи об» эълон намудани соли 2010 –ро барои таҳкими ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоид маънидод кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро ба иштироки фаъол дар омодасозии  Форуми байналмилалии «Об – барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад ва ба натиҷагирӣ кардан аз панҷ соли аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» даъват намуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи ихтисос додани қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» ҷиҳати зиёд намудани кӯмак ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об ва инчунин ташкили Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарези Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дастгирӣ меёбанд».
Ташаббусу пешниҳодҳои обии Сардори давлати Тоҷикистон дар Форуми  5 - уми ҷаҳонии об низ мавриди истиқболи накӯ ва дастгирии иштирокдорони он қарор гирифтанд.
Хотиррасон бояд кард , ки форум таҳти  шиори  «Муттаҳидшавӣ ба хотири об» аз 16-ум то 22 март ҷараён мегирад ва дар он мавзӯи «Гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба захираҳои обии ҷаҳон» баррасӣ мегардад.
Масоили тақсимоти об ва дурнамои истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки  барои Тоҷикистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони форум қарор хоҳад гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3612
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед