logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 398; с. 2006, № 3, мод. 141; с. 2007, № 5, мод. 350; № 7, мод. 652; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, № 5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; № 6, мод. 428; с. 2012, № 8, мод. 810; с. 2013, № 7, мод. 497; мод. 498; № 12, мод. 876; с. 2014, № 3, мод. 139) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонуни конститутсионии мазкур бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Сархати якуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шуъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шуъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор - криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;».
3. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститусионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
4. Сархати якуми қисми якуми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
5. Дар қисми якуми моддаи 5:
- дар сархати дуюм калимаҳои «ин модда» ба калимаҳои «моддаи мазкур» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаи «салоҳиятнок» ба калимаи «ваколатдор» иваз карда шавад;
6. Ба сархати дуюми моддаи 6 пас аз калимаи «озодиҳои» калимаҳои «инсон ва» илова карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаҳои «ҳамин Қонуни конститутсионии зикршуда» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 9 калимаҳои «муовинони вай» ба калимаҳои «муовини якум ва муовинони ӯ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 10:
- дар қисми якум калимаҳои «ба он тобеъ» ба калимаҳои «тобеи он» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи якуми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр ёфтаанд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки мақоми машваратӣ буда, мувофиқи Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, даъват менамояд.».
10. Аз қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «дигар» ва   «, прокуратураҳои ҳарбии гарнизон, прокуратураи назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ» хориҷ карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 16:
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо сабаби интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ;»;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;».
12. Дар қисми дуюми моддаи 17 калимаҳои «якуми ӯ ва муовинҳо» ва «таъйин» мувофиқан ба калимаҳои «якум ва муовинони ӯ» ва «ба вазифа таъйин» иваз карда шаванд.
13. Ба сархати дуюми моддаи 18 пас аз калимаҳои «ташкил мекунад» калимаҳои «ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад» илова карда шаванд.
14. Дар моддаи 19:
- дар қисми якум калимаи «муовинони» ба калимаи «муовини» иваз карда шавад;
- қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурори дахлдор ва дар набудани ӯ муовини якум ё яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунад.».
15. Дар моддаи 20:
- ба қисми якум пас аз калимаи «метавонанд» калимаҳои «муовини якум,» илова карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаи «Муовинони» ба калимаҳои «Муовини якум ва муовинони» иваз карда шавад.
16. Ба қисми дуюми моддаи 22 пас аз калимаи «мушовара» калимаҳои «муовини якум ва» илова карда шаванд.
17. Дар моддаи 23:
- дар сархати дуюми қисми якум калимаи «озодии» ба калимаи «озодиҳои» иваз карда, калимаи «ҳамчун» хориҷ карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «мумкин нест» ба калимаҳои «манъ аст» иваз карда шаванд.
18. Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми сеюми моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда, ба суд муроҷиат кунад;
- мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад;».
19. Дар қисми якуми моддаи 27 калимаҳои «муовини ӯ» ба калимаҳои «муовини якум ва муовинони онҳо» иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 33:
- дар қисми якум калимаҳои «ва муовинони ӯ» ва «ва муовинони онҳо» мувофиқан ба калимаҳои «, муовини якум ва муовинони ӯ» ва «, муовини якум ва муовинони онҳо» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Дар чунин мавридҳо ҳуқуқи додани иҷозат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда тааллуқ дорад.».
21. Моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 36. Иштироки прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ
Дар баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ прокурор дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иштирок мекунад ва оид ба парвандаи баррасишаванда хулоса медиҳад.
Иштироки прокурор дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҳолатҳое, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳатмист. Прокурор метавонад дар ҳар давраи мурофиаи судии ҷиноятӣ ба баррасии парванда ворид шавад.
Прокурор дар доираи салоҳияти худ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ айбдоркуниро аз номи давлат дастгирӣ менамояд.».
22. Дар моддаи 37:
- дар қисми якум калимаҳои «ва муовини ӯ» ба калимаҳои  «, муовини якум ва муовинони ӯ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «фақат» ба калимаҳои «танҳо нисбат ба ҳукм, таъйинот, қарор ва дигар санадҳои судӣ» иваз карда шавад.
23. Ба қисми якуми моддаи 38 пас аз калимаи «муовини» калимаҳои «якум ва муовинони» илова карда шаванд.
24. Дар моддаи 39:
- дар номи модда калимаҳои «ҳукмҳо, фармонҳо, ҳалномаҳо, таъйинот ва қарорҳои» ба калимаҳои «ҳукм, фармон, ҳалнома, таъйинот ва қарори» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум:
- дар матни қисм калимаҳои «ҳукмҳо, фармонҳо, ҳалномаҳо, таъйинот ё қарорҳои» ба калимаҳои «ҳукм, фармон, ҳалнома, таъйинот ва қарори» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи «муовини» ба калимаҳои «муовини якум ва муовинони» иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «муовинони», «бо» ва «ҷиноятӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муовини якум ва муовинони», «ба» ва «ҷиноятии» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «муовини ӯ» ва «ва муовинони» мувофиқан ба калимаҳои «муовини якум ва муовинони ӯ» ва  «, муовини якум ва муовинони» иваз карда шаванд.
25. Ба моддаи 41 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, муовини якум» илова карда шаванд.
26. Моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 42. Иштироки прокурор дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсати судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе
Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, инчунин прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳое, ки ба салоҳияти прокурори нақлиёти Тоҷикистон мансубанд, дар ҷаласаҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ҳатмӣ мебошад.
Прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ мебошад.».
27. Дар моддаи 45:
- дар номи модда калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «(тавфқифгоҳи)» ва «(тавфқивгоҳи)» ба калимаи «(тавқифгоҳи)» иваз карда шаванд.
28. Дар қисми якуми моддаи 49 калимаҳои «ҳуқуқи» ва «онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу» ва «Тоҷикистон онҳоро» иваз карда шаванд.
29. Ба қисми чоруми моддаи 54 пас аз калимаи «Қонуни» калимаи «конститутсионии» илова карда шавад.
30. Моддаи 55 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 55. Ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура
Номгӯи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура ва тартиби татбиқи онҳоро Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар менамояд.
Кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Кормандони мақомоти прокуратура барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» сазовор гардонида, ба онҳо Нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Нисбати қарорҳои роҳбарони мақомоти прокуратура аз рӯи баҳсҳои меҳнатӣ ба прокурори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.».
31. Дар моддаи 57:
- дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми шашум ва қисми ҳаштум калимаи «зиёни» ба калимаи «зарари» иваз карда шавад;
- дар қисми ёздаҳум калимаи «ҳукмнома» ба калимаи «ҳукм» иваз карда шавад.
32. Ба қисми чоруми моддаи 59 пеш аз калимаи «муовинони» калимаҳои «муовини якум ва» илова карда шаванд.
33. Дар қисми якуми моддаи 60 калимаи «вай» ба калимаи «ӯ» иваз карда шавад.
34. Дар моддаи 61:
- дар қисми якум калимаҳои «53 - и ҳамин Қонуни конститутсионӣ» ба калимаҳои «53 Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «2 - юми моддаи 14 - и ҳамин Қонуни конститутсионӣ» ба калимаҳои «2 моддаи 14 Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд.
35. Моддаи 67 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 67. Муҳр ва Нишони мақомоти прокуратура
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи прокуратура ба забони давлатӣ мебошад.

Мақомоти прокуратура дорои Нишони фарқкунанда мебошад.
Низомнома дар бораи Нишони мақомоти прокуратура, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
36. Ба қисми сеюми моддаи 68 пас аз калимаи «генералӣ» калимаҳои «, муовини якум» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014, № 1166


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2014, № 1700


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014, № 763


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2015    №: 3    Мутолиа карданд: 1930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед