қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ.1, мод. 308; с. 2005, № 12, мод. 637; с. 2012, № 12, қ.1, мод. 1002; с. 2013, № 7, мод. 523) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳуҷҷати электронӣ – маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабт шудааст ва ба талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;
- гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ – тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд;
- ҳомили мошинӣ – диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилҳои моддӣ, ки дар сабту нигоҳдории маълумот ба воситаи техникаи электронию ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;
- дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ – дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиби ҳуҷҷати электронӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ метавонанд онҳоро бо мақсади истифодабарӣ ҳангоми гардиши дохилӣ ё байниҳамдигарии ҳуҷҷати электронӣ дар мувофиқа қабул намоянд;
- мураттиби ҳуҷҷати электронӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз номи худ ё аз номи шахси дигар (бо супориш ӯ) ҳуҷҷати электрониро бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тартиб додааст;
- нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ – нусхабардории ҳуҷҷати коғазӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад;
- нусхаи электронии ҳуҷҷати электронӣ – нусхабардории ҳуҷҷати электронӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки бо воситаҳои ҳаммонандкунии аз эътибор соқитшуда ва ҳаммонандкунандаҳои ҳуҷҷати электронии эътибордошта акс гардидааст ва аз рӯи шакли худ ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ мебошад;
- имзои электронӣ – ҳамшабеҳи имзои дастӣ, ки барои ҳаммонандкунии шахси ҳуҷҷати электрониро имзокарда пешбинӣ шудааст ва ҳақиқӣ будани онро тасдиқ мекунад;
- молики система ва шабакаҳoи иттилоотӣ – субъекте, ки дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани система ва шабакаҳои иттилоотӣ мебошад.».
2. Дар моддаи 4 калимаҳои «,Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»,» ба калимаи «ва» иваз карда шаванд.
3. Ба қисми сеюми моддаи 7 пас аз калимаи «рақамӣ» калимаҳои «ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 9:
- аз қисми якум калимаҳои «ва эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд» хориҷ карда шаванд;
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳуҷҷати электронӣ дар он сурат асл ҳисобида мешавад, ки агар он дорои имзои электронии ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб бошад.».
5. Моддаҳои 10 ва 11 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«Моддаи 10. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ ва тасдиқи он
Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ бо роҳи тасдиқи намунаи ҳуҷҷати электронии дар ҳомили коғазӣ ё бо истифода аз имзои электронӣ пешниҳодшуда ва ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд, тайёр карда мешавад.
Нусхабардории асл ё нусхаи ҳуҷҷати электронӣ, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда нашудааст, эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Моддаи 11. Эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили мошинӣ бо ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ баробар дониста мешавад ва бо он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.
Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд, ки ҳуҷҷат ба таври хаттӣ ба расмият дароварда шавад ва ё дар шакли хаттӣ пешниҳод гардад, пас ҳуҷҷати электронӣ ба ин талабот мутобиқ дониста мешавад.
Ҳуҷҷати электронӣ баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми имзои он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, истифода шуда бошанд. Тарзи ҳаммонандкунии шахси имзокарда ҳамчунин метавонад бо мувофиқаи тарафҳо пешбинӣ гардад.
Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалӣ ва (ё) бақайдгирии давлатии ҳуҷҷати электрониро талаб намояд, ҳуҷҷати электронӣ ё нуcхаи он бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад ё ба қайд гирифта шавад.».
6. Моддаҳои 12, 13, 14 ва 15 хориҷ карда шаванд.
7. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 16. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ
Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки фаъолияти бойгонӣ ва фаъолияти нигоҳдории маълумоти ҳуҷҷатнокшударо анҷом медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъулро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
8. Моддаҳои 161 ва 181 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Моддаи 161. Тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ талабот оид ба тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳоро пешбинӣ намоянд, ин талабот ба ҳуҷҷатҳои электронӣ низ бо назардошти хусусиятҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳо дахл доранд.
Дар мавридҳои зарурӣ талаботи муайяне, ки ба ҳуҷҷатҳои коғазӣ пешниҳод мегарданд, метавонанд бекор карда шаванд ё бо дигар талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои электронӣ иваз карда шаванд.
Қоидаҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ барои мақомоти давлатӣ, инчунин тартиби гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои байни иштирокчиёни ин муносибатҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 181. Вақт, маҳалли ирсол ва қабули ҳуҷҷати электронӣ
Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти ирсоли ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ аз шабакаи иттилоотии ирсолкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба ирсоли ҳуҷҷати электронӣ мебарояд.
Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти қабул кардани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ ба шабакаи иттилоотии шахси қабулкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба қабули ҳуҷҷати электронӣ ворид мегардад.».
9. Бобҳои 3 ва 4 хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014, №1174
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2014, № 1703
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014, № 771
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2015 №: 4 Мутолиа карданд: 1851