қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- назорати содирот – маҷмӯи чораҳое, ки амалӣ намудани тартиби дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи татбиқи низоми назорати содирот ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро таъмин менамоянд;
- молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда – ашёи хом, масолеҳ, таҷҳизот, маҳсулот, иттилооти илмию техникӣ, технология ва таъминоти барномавӣ, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо), молҳое, ки силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва дигар намудҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ мебошанд, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти дуҳадафа, ки бинобар хусусиятҳои худ метавонанд дар сохтани онҳо ё содир намудани амалҳои террористӣ истифода шаванд;
- маҳсулоти таъиноти дуҳадафа – маҳсулот, таҷҳизот, масолеҳ, ашёи хом, таъминоти барномавӣ, технологияҳо ва иттилооти илмию техникие, ки барои мақсадҳои ғайринизомӣ истифода мегарданд ва метавонанд барои сохтани силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он истифода шаванд;
- силоҳи қатли ом – силоҳи ядроӣ, кимиёӣ, бактериологӣ (биологӣ);
- воситаҳои таҳвил – мушакҳо, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар системаҳое, ки барои таҳвили силоҳи қатли ом қодир мебошанд;
- иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медиҳанд ё молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, иттилоот, натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро (ҳуқуқ ба онҳоро) тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои назорати содирот
Мақсадҳои асосии назорати содирот аз инҳо иборатанд:
- ҳифзи манфиатҳо ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани талаботи ӯҳдадориҳо ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа;
- фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
- муқовимат ба терроризм.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот мутобиқи принсипҳои зерин ташаккул меёбад:
- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа;
- қонуният, ошкорбаёнӣ ва дастрас будани иттилоот оид ба масъалаҳои назорати содирот;
- афзалияти манфиатҳои амнияти давлат;
- ҳамоҳангсозии расмиёту қоидаҳои назорати содирот бо меъёрҳо ва таҷрибаи эътирофгардидаи байналмилалӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи назорати содирот бо мақсади таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он.
Моддаи 5. Усулҳои амалӣ намудани назорати содирот
Назорати содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда;
- назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;
- татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатии (муҷозотии) муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро нисбат ба молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин истифодаи онҳо вайрон кардаанд.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи назорати содирот, аз ҷумла нисбат ба низомҳои байналмилалии назорати содирот амалӣ менамояд;
- фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот номгӯи молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро тасдиқ менамояд;
- тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муайян менамояд;
- барои гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот чораҳо меандешад;
- мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи назорати содирот муайян менамояд;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
- дар асоси рӯйхатҳои назоратии дахлдор дар доираи низомҳои байналмилалии назорати содирот бо ҷалби мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дахлдор (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) номгӯи молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- барои амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома медиҳад, инчунин риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои амали иҷозатномаҳои додашударо назорат менамояд;
- дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ корҳоро оид ба иттилоотонии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи мақсадҳо, расмиёт ва қоидаҳои назорати содирот ташкил менамояд;
- ошкор нагардидан, барои мақсадҳои шахсӣ истифода нашудан ё ба шахсони сеюм надодани иттилоотеро, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин менамояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ ВОБАСТА БА МОЛҲО, ТЕХНОЛОГИЯҲО ВА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ НАЗОРАТШАВАНДА
Моддаи 9. Талабот нисбат ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷие, ки ба шахси хориҷӣ додани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро пешбинӣ менамоянд, бояд дар сурати мавҷуд будани ӯҳдадории хаттӣ бо зикри мақсади истифодаи ниҳоӣ ва кафолат оид ба истифода нашудан барои сохтани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва ба мақсадҳои террористӣ баста шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба шартҳое, ки дар асоси онҳо аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд баста шаванд, талаботи иловагӣ муқаррар намояд, аз ҷумла санҷиши аз ҷониби шахси хориҷӣ мутобиқи ӯҳдадориҳои эътирофнамуда истифода бурдани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии аз рӯи аҳд гирифташуда.
Моддаи 10. Экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд. Экспертизаи давлатӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида шуда, дар таҳлили ҳуҷҷатҳо ва иттилооти вобаста ба аҳди иқтисодии хориҷӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати он ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳо ва амнияти давлатӣ ифода мегардад.
2. Тартиб ва шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 11. Баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
1. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро барои мақсадҳои назорати содирот амалӣ намоянд.
2. Ҳуҷҷатҳои вобаста ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд дар давоми се сол нигоҳ дошта шаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
3. Тартиб ва шакли баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда барои мақсадҳои назорати содирот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин амалӣ намудани тамоми амалҳои зарурии вобаста ба гирифтани иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда ӯҳдадории иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
2. Иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад бо роҳи бастани шартномаи дахлдор бо ташкилоти экспертие, ки барои анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома гирифтааст, гузаронидани айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафаро ба чунин ташкилоти экспертӣ супорад. Масъулият барои дурустӣ ва асоснокии натиҷаҳои айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафа ба ташкилоти экспертӣ вогузор мегардад.
Моддаи 13. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Бо мақсади таъмини амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муқаррар карда шаванд.
2. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки нисбат ба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ муқаррар карда мешаванд, аз манфиатҳои таъмин намудани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
3. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда нисбат ба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷии бо фаъолияти ба принсипҳои паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он мухолиф машғулбуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо давлатҳои хориҷӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин технологияҳои сохтани онҳо;
- мусоидат ба ташаккули низоми бехатар ва устувори муносибатҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва фоидаи мутақобила;
- фаъол гардонидани иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, васеъ намудани имкониятҳо барои дастрасии иштирокчиёни ватании фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба бозорҳои ҷаҳонии технологияҳои пешқадам;
- такмили механизмҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатии назорати содирот, ошкор намудани далелҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ва шахсони онҳоро содиркарда.
2. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот тавассути иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии назорати содирот ва форумҳои байналмилалӣ, гузаронидани гуфтушуниду машваратҳо бо давлатҳои хориҷӣ, мубодилаи мутақобилаи иттилоот, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи назорати содирот дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ мегардад.
3. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ дар соҳаи назорати содирот бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки механизмҳои дохилидавлатии назорати содирот ба рушди робитаҳо ва мубодилаи иттилоот байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат менамояд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Шикоят аз болои амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо
Оид ба амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори алоҳидаи онҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати содирот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 23-24, мод. 354; с. 2013, № 7, мод. 514) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014, № 1168
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1997, № 23-24, мод.355) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, № 3, мод.223) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1662
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014, № 765
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2015 №: 4 Мутолиа карданд: 2082