фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ фармон медиҳам:
1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
3. Шумораи умумии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 40 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян карда шавад.
4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Фармони мазкур мутобиқ намуда, ҷиҳати татбиқи он чораҳо андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 марти соли 2009, № 637
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2589