маориф
НУРИДДИН САИД: КИТОБҲОИ ДАРСӢ РОЙГОН ДОДА МЕШАВАНД
Қарзи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсии иҷоравӣ дар назди Вазорати маориф ва илм аз соли 2001 то 2014 27 миллион сомониро ташкил медод, ки ҳоло камтар аз 15 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Дар ин хусус Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Соли гузашта 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсии иҷоравӣ ба Вазорати маориф ва илм пардохт шуд. Айни ҳол 15 миллион сомонӣ қарз аз китобҳои дарсии иҷоравии солҳои гузашта боқӣ мондааст. Аз ин ҳолат мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру навоҳии кишвар огоҳӣ доранд. Қарзи боқимонда на аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсии иҷоравӣ ва падару модарон, балки аз ҳисоби даромадҳои дигари соҳаи маориф баргардонида мешавад. Кӯшиш карда истодаем, ки солҳои оянда китобҳои дарсӣ ройгон ба хонандагон дода шавад, ба истиснои пардохти 15 % нархи китоб, ки он барои интиқоли китобҳо пешбинӣ гардидааст. Вазорати маориф ва илм солона зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсиро дар нашриётҳои кишварамон чоп мекунад. Соли гузашта аз ҳисоби нашри китобҳо дар дохили кишвар 2 миллион сомоӣ андоз ба буҷети давлат ворид шуд, - гуфт вазир.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.01.2015 №: 5 Мутолиа карданд: 1519