порлумон
СЕ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ МУКАММАЛ БА ТАСВИБ РАСИД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, гузашт лоиҳаи се қонуни мукаммал ва созишнома ба тасвиб расид.
Файзуллозода Лочин, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни тавзеҳи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода гуфт, ки он 17 июли соли 2014 ба имзо расид.
Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур, ҷамъият, истеҳсоли маҳсулоти баландсифати нафтии бензини тамғаи А-92, 95, сӯзишвории зертамғаи Евро - 4 ва мазутро ба роҳ хоҳад монд.
Дар марҳалаи аввали татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 150 ҳазор тонна нафт буда, дар марҳалаи дувум он ба 300 ҳазор тонна расонда мешавад.
Муҳлати сохтмони корхона ду сол буда, он соли 2017 ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Абдураҳмон Хонов, вакили порлумон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» иброз дошт, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз дебоча, 6 боб ва 50 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқҳои кӯдакро дар бар мегирад. Дар боби якум муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятиму бепарастор ва хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон муқаррар гардидааст. Боби дуюм сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла мусоидат намудан ба рушди ҷисмонию зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ, дастгирии давлатиро пешбинӣ менамояд.
Бобҳои минбаъда ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва кӯдакони ятиму бепарастор, нигоҳубини онҳо, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюб ва кафолати таъмини онҳоро дар бар мегирад.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи ҷумҳурӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» гуфт, ки қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 1995 қабул гардидааст.
Аз қабули он то имрӯз 20 сол сипарӣ гашт. Дар ин муддат дар фазои ҳуқуқии кишвар тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ, прокуратура, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносони хориҷӣ ширкат доштанд. Лоиҳаи мазкур ба таъмини ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амалӣ намудани адолати судӣ, қабули санадҳои асоснок ва қонунии судӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо мусоидат менамояд. Он аз 7 боб ва 52 модда иборат аст.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» қабул гардид.
Исмоил Талбаков, вакили порлумон, гуфт, ки таҳлилҳо нишон дод, ки яке аз сабабҳои ҷалб нагардидани сармоя ва рушд накардани ин соҳаи басо муҳими хоҷагии халқ набудани қонуни мукаммал мебошад, ки метавонад муносибатҳоро ба танзим дарорад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти хулосаи гурӯҳи корӣ, ки аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор буданд, дар 6 боб ва 26 модда таҳия шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.01.2015 №: 6 Мутолиа карданд: 1622