порлумон
ҚОНУНИ АВФ БА 8500 НАФАР ТАТБИҚ ГАРДИД
Беш аз ду моҳ аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур то имрӯз нисбат ба чанд нафар татбиқ гардид ва чӣ касоне ба озодӣ баромаданд? Барои ин ва дигар саволҳо посух ёфтан ба Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенант, муроҷиат кардем.
- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2014 дар арафаи 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро, ки бо пешниҳоди худи ӯ аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонд. Мувофиқи қонуни мазкур бахшидани гуноҳи беш аз 10 ҳазор нафар, пеш аз ҳама занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шудаанд ва таҳти тафтиш ва баррасии судӣ қарор доштанд, пешбинӣ гардид.
Воқеан, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» воқеаи хеле фараҳбахш аст ва он ба шахсоне татбиқ шуд, ки онҳо аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфи ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.
Бояд як нуктаи муҳимро зикр кард, ки дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» гурӯҳи корӣ аз ҳисоби шахсони масъули мақомоти дахлдор раванди татбиқи қонунро ба ҳар як маҳкумшуда назорат карда, бо дастгирии Прокуратураи назорати қонунҳо дар ҷойҳои ислоҳӣ татбиқ мекунад.
Инчунин гурӯҳи кории таъсисёфта ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муроҷиат менамоянд, чи тавр татбиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» фаҳмонда мешавад. Дар баробари ин, дар назди ҳар як муассисаи тобеи Сарраёсат гӯшаҳо бо рӯйхати маҳкумшудагоне, ки нисбат ба онҳо қонуни авф татбиқ мешавад, овехта шудааст. Ин гӯшаҳо ба шаҳрвандоне, ки посухи аниқ гирифтанианд, ёрии амалӣ мерасонад.
Ҳанӯз 3 - 4 ноябр баъди панҷ рӯзи ба тасвиб расидани қонуни мазкур аз муассисаи ислоҳии тобеи сарраёсат аз шаҳри Норак 170 нафар зан, аз муассисаи сукунати шаҳри Ваҳдат 440 нафар, аз муассисаи шаҳри Ёвон 330 нафар, аз муассисаи шаҳраки Ғароувтӣ 460 нафар, аз муассисаи тарбиявии ноболиғон 58 нафар ва аз муассисаи ислоҳии № 1 - и шаҳри Душанбе 100 нафар ба озодӣ баромаданд.
Мувофиқи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябр то 29 декабри соли 2014 аз муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 3557 нафар, аз ҷумла аз муассисаҳои ислоҳӣ 1518 нафар, аз муассисаҳои сукунат 1656 нафар ва аз тавқифгоҳҳои тафтишотӣ 383 нафар ба озодӣ баромаданд. Аз Раёсати нозироти корҳои ислоҳӣ 3960 нафар озод карда шуд.
Дар давоми ду моҳ 248 зан, аз ҷумла аз муассисаи ислоҳӣ 193 нафар, аз муассисаҳои сукунат 31 нафар ва аз муассисаҳои тафтишотӣ 24 нафар озод шуд. Дар ин муддат 148 нафар ноболиғ аз адои ҷазо озод гардид. Ҳамчунин 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки онҳо асосан аз Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Русия ва Кения буданд, ба озодӣ баромаданд.
Назар ба гуфтаи Иззатулло Шарифзода, муҳлати адонагардидаи ҷазои 1010 нафар кам карда шуд. Мувофиқи қонуни мазкур ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ба дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъйиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрдааст ва боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст, аз ду як ҳисса ва онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, аз се як ҳисса, ҳамчунин ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст, аз чор як ҳисса кам карда шуд. Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба маҳкумшудагоне, ки то содир кардани ҷиноят дар мақомоти адлия, судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ хизмат кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1 ва 2 моддаи 8 қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд, 3 - солӣ кам гардид.
Иззатулло Шарифзода иброз дошт, ки дар тӯли ду моҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба 8502 нафар татбиқ гардид. Татбиқи қонуни мазкур 6 моҳ давом хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар назди ҳар як муассисаи ислоҳӣ лавҳаи эълонҳо насб шудааст, ки дар он оид ба онҳое, ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд, маълумот пешниҳод шудааст.
Мавсуф таъкид ба он кард, ки мутобиқи қонуни мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои расондани ёрии иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.
Назорати ноболиғони озодшударо ба волидон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб - интернатҳо ҷойгир намудани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
Ҳамчунин шахсони озодшудаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд.
- Дар охир ба намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шӯрои адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ ва ёриашон дар татбиқи қонуни мазкур ташаккур мегӯям.
Қонуни мазкур барои ба кору зиндагии осоишта баргардондани озодшудагон мусоидат менамояд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2015 №: 7 Мутолиа карданд: 2384