logo

маориф

ВАЗОРАТ НАЗОРАТ ҲАМ ДОРАД Вокуниш ба мақолаи «Маориф: пулҳои гумшуда садди роҳи таълими босифат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 16 - уми декабри соли 2014, № 246 (22 551)

Вақтҳои охир перомуни сатҳу сифат ва нуқсу камбудиҳои китобҳои дарсӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълим дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёде нашр мешаванд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар вақт масъалаҳо на ба таври холисона аз рӯйи мавҷудияти камбудиҳо баррасӣ мешаванд. Аз ҷумла дар матлаби рӯзномаи «Ҷумҳурият» (16 - уми декабри соли 2014, № 246) сухан дар бораи норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар меравад. Муаллиф нарасидани китобҳои дарсиро барои хонандагони синфҳои 10 - 11 аз забони муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 - и шаҳри Норак Ҳайдар Шарифов, бе назардошти он ки ин ҳолат амри табиӣ буда, ҳалли он аз мадди назари кормандони соҳаи маориф берун намондааст ва намемонад, шарҳ додааст.

Мо қаблан ҳам зикр карда будем, ки яке аз сабабҳои асосии норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба инобат нагирифтани шумораи аслии хонандагон бо назардошти афзоиши аҳолӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф зимни пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ мебошад. Масалан, агар дар ВМКБ камшавии аҳолӣ ба назар расад, баръакс, дар шаҳри Душанбе сол то сол зиёдшавии аҳолӣ мушоҳида мешавад. Бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз соли 2001 то соли 2011 169 номгӯйи китобҳои дарсиро пурра нашр ва ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастрас кардааст. Айни замон китобҳои дарсӣ дар асоси дархосте, ки шуъбаҳои маориф барои ҳар номгӯй китоби дарсӣ пешниҳод мекунанд, нашр ва дастрас гардонда мешаванд. Аммо мутаассифона, шуъбаҳои маориф дархостро на аз рӯйи шумораи хонандагон, балки сарсарӣ ва тахминӣ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод мекунанд. Барои мисол, имсол мо дархости шуъбаҳои маорифро, ки оид ба норасоии китобҳои дарсӣ ба вазорат пешниҳод шудааст, бо он маълумотҳое, ки худи мутахассисони вазорат дар алоҳидагӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъоварӣ намуданд, муқоиса кардем, ки аз замин то осмон фарқ мекунад. Яъне маълум гардид, ки мудирони шуъбаҳои маориф ба хотири наафзудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, ки аз солҳои қаблӣ боқӣ мондааст, дархостро дар қиёс ба шумораи хонандагон камтар ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод кардаанд, ки дар натиҷа норасоии китобҳои дарсӣ ба вуҷуд меояд. Бояд тазаккур дод, ки ҳар як китоби дарсӣ барои се соли хониш ба иҷора дода мешавад ва то нашри такрории он муддати зиёда аз панҷ сол мегузарад. Гузашта аз ин, вақте ки барои нашри китоби дарсӣ талабот кам бошад, нашр кардани он низ гарон меафтад, ки ин боиси баланд шудани арзиши китоби дарсӣ мегардад.     
 Айни замон дар асоси дархосте, ки оид ба эҳтиёҷоти китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф пешниҳод гардид, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ “Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ”-ро таҳия сохта, ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳод кард. Тибқи нақшаи мазкур 31 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба миқдори 2 446 000 нусха барои чоп пешниҳод шудааст, ки бояд давоми соли хониши 2015 - 2016 чоп ва дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар гарданд. Инчунин нусхаҳои электронии тамоми китобҳои дарсии нашршуда аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ ва иртиботии назди Вазорати маориф ва илм дар шакли диск таҳия шуда, ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дастрас гардонида шудааст.   
Мушкили дигар дар масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ он аст, ки шуъбаҳои маориф китобҳои аз вазорат воридгардидаро тибқи эҳтиёҷот ва дархости муассисаҳои таълимӣ тақсим намекунанд. Тақсимоти нобаробар ва носанҷида ба он оварда мерасонад, ки дар иддае аз макотиб китобҳои зарурӣ намерасанд ва ҳамин гуна китобҳо дар китобхонаҳои мактабҳои дигар зери чангу ғубор хобанд.
Дар қисмати дигари мақола муаллиф таъкиди директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм К. Исоевро дар хусуси беасос будани он ки вазорат бо сабаби қарздории зиёди шуъбаҳои маориф (аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ) муассисаҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин намекунад, овардааст.  
 Дар ҳақиқат, қарзи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ, ки айни замон 15 979 223 сомониро ташкил медиҳад, ба нашри минбаъдаи китобҳои дарсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Вазорати маориф ва илм барои қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, ки аз саҳлангории бархе мудирони шуъбаи маориф ба миён омадааст, хонандаро бо китоб таъмин накунад. Ҳар китобе, ки дар Вазорати маориф ва илм нашр мешавад, дар муҳлати кӯтоҳтарин тибқи дархост ба шуъбаҳои маориф дастрас гардонда мешавад.
Бояд гуфт, ки тайи се соли охир шуъбаҳои маориф ҳарчанд нақшаи пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро барзиёд иҷро карда бошанд ҳам, (аз ҷумла солҳои 2012 - 132,92%, 2013 - 102,40%, 2014 - 108%), аз сабаби он ки қарзи солҳои пешӣ (2001 - 2011) аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ беш аз 22 миллион сомониро ташкил медод, қарздорӣ, тавре гуфтем, аз байн нарафтааст. Дар сурати ба пуррагӣ пардохт шудани он Вазорати маориф ва илм метавонад тахминан 1 миллиону 500 ҳазор нусха китобҳои дарсиро нашр ва дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар гардонад. Аз ин рӯ, изҳори нигаронии мусоҳиби муаллифи мақоларо сабаб он аст, ки аксари китобҳои номбурда, бахусус китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10 - 11 айни замон дар таҳия қарор дошта, танҳо пас аз нашр шудан дастрас гардонида мешаванд. Аз он ҷумла тибқи “Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ”, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои соли хониши 2015 - 2016 тасдиқ гардид, 6 номгӯйи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 11 - и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 433 000 ба нақша гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки барои ҳамин номгӯй китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф 150 209 нусха (282 791 нусха зиёд аз теъдоди пешниҳодкардаи шуъбаҳои маориф) дархост пешниҳод шуда буд.
Эроди дигари муаллиф дар хусуси мавҷуд набудани дафтари қайди китобдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади доиман зери назорати ҷиддӣ қарор додани ҷараёни гардиш ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ беш аз як сол ин ҷониб «Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ»-ро бо теъдоди 5 000 нусха чоп ва ба тамоми шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастрас гардонида буд. Аммо сабаби вонахӯрдани муаллиф бо чунин дафтар дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Файзобод, Норак, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ ин аст, ки намояндагони муассисаҳои таълимӣ дафтарҳоро пинҳон кардаанд. Ҳол он ки ин дафтар имкон медиҳад, ки ҳар як падару модари хонанда пас аз гирифтани китобҳои дарсӣ ва супоридани маблағи он дар сутуни махсус имзо гузорад. Тибқи тартиби муқарраршуда пас аз се соли истифода дафтари мазкур аз тамоми шуъбаҳои маориф бозпас гирифта шуда, аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илм санҷида мешавад.
Чунин мушкилот дар мақолаи мазкур нисбат ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод низ матраҳ гардидааст, ки ин нуктаҳо дар шумораи №230-и рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар таърихи 26.11.2014 нашр шуда буд. Вобаста ба мақолаи мазкур ҳам вокуниши Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи № 241 - и рӯзномаи “Ҷумҳурият” (10.12.2014) чоп шуда буд. Барои пурра шудани ҷавоб бархе аз нуктаҳои муҳими вокунишро меорем.
Бояд гуфт, ки айни замон ҳаҷми маблағи қарзи шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ давоми солҳои 2001 - 2014 дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар 347 478 сомониро ташкил медиҳад. Қарзи мазкур аз сабаби бемасъулиятии мудирони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва роҳбарони муассисаҳои таълимии он то имрӯз ба вуҷуд омадааст. Сарфи назар аз ин, то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар асоси дархости шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод оид ба норасоии китобҳои дарсӣ давоми солҳои 2001 - 2014 ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод 360 010 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълим дастрас карда шудааст. Инчунин давоми солҳои 2012 - 2014 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод 13 228 нусха китобҳои дарсӣ танҳо барои хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 ирсол карда шудааст. Дар умум соли 2014 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҷониби Вазорати маориф ва илм 19 077 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълим дастрас гардонида шудааст.
Вазорат тибқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам китобҳои дарсиро нашр намуда, ба шуъбаҳои маориф дастрас мегардонад. Аммо шуъбаҳои маорифро низ зарур аст, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсиро сари вақт пардохт намоянд, то ки китобҳои навбатӣ нашр карда шаванд. Барои беэътиноӣ зоҳир намудан нисбат ба пардохти маблағи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми кишвар дар санаи 22.11.2014 як қатор мудирони шуъбаҳои маориф, аз ҷумла мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод огоҳонида шуданд. 
Бояд зикр сохт, ки аз соли 2012 ин ҷониб Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки тамоми китобҳои дарсиро дар муассисаҳои ноширии ватанӣ нашр намояд. Бинобар ин бархе аз китобҳое, ки дар мағозаҳои савдои китоб пайдо шуда, ғайриқонунӣ ба фурӯш мебароянд, аз боқимондаҳои он китобҳоеанд, ки солҳои қабл дар хориҷи кишвар нашр мешуданд. Дар ин самт вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ баҳри пешгирии ба дӯконҳои савдои китоб ғайриқонунӣ роҳ ёфтани китобҳои дарсӣ ва маводи таълим чораандешӣ карда истодааст.  
Ҳар гоҳ ки сухан сари норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ меравад, дарҳол санги маломатро ба сари Вазорати маориф ва илм партофтан аз рӯйи инсоф нест. Норасоии китобҳои дарсӣ дар ҳар кадом муассисаи таълимӣ пеш аз ҳама, аз бемасъулиятиву ноуҳдабароии роҳбарияти ин муассисаҳо ва баъдан мудирони шуъбаҳои маориф сар мезанад. Зимни пешниҳоди дархост ба норасоии китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаи маориф ҳар қадаре китоб дархост шавад, дар Вазорат ҳамон миқдор ба инобат гирифта мешавад. Аммо айни замон вазорат тасмим гирифтааст, ки дигар ба умеди эҳтиёҷоти шуъбаҳои маориф нашуда, баръакс, дар натиҷаи омӯзиши алоҳида нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсиро таҳия кунад. Бо ин роҳ метавон норасоии китобҳои дарсиро қисман бартараф кард.  Ҳамзамон таъкид бояд дошт, ки агар дар ҳар кадом аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ директори мактаб ва ё мудири шуъбаи маориф масъулиятшинос ва кордон набошанд, пас барои Вазорати маориф ва илм низ ислоҳ кардани вазъ душвор хоҳад буд.  
Аз тарафи дигар, вазорат таваҷҷуҳи пайвастаи рӯзноманигоронро ба ҳар паҳлуи масъалаҳои соҳа мепазирад, ба шарте ки рӯзноманигорон “сухан дониста гӯянд”, дар такя бо воқеият, на бе далел ва таҳрифи андешаҳо.
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ИДОРА: Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи мазкур бо таҳлили амиқи масъала посухи хуб навиштааст. Аммо таъкид медорад, ки рӯзноманигорон “сухан дониста гӯянд” дар такя ба воқеият, на бе далел ва таҳрифи андешаҳо”.
Фикр мекунем, ки марказ як бори дигар ҷавоби худро ба мақола дар саҳифаи рӯзнома мутолиа мекунад ва дуруст дармеёбад, ки ҳамаи далелҳои рӯзноманигори “Ҷумҳурият” - ро пазируфтаву тасдиқ кардааст. Ин қадар аст, ки намехоҳад ин норасоиро ба Вазорати маориф ва илми кишвар нисбат бидиҳад. Аҷаб ин аст, ки ба посух “Вазорат назорат ҳам дорад” ном гузошта шудааст ва муроди муаллиф масъалаи таҳқиқи ҳамин назорат аз ҷониби ин вазорат мебошад. Воқеан, агар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шуъбаҳои маориф ва назорати онҳо ба дигар вазорат ва ё кумитаҳо тааллуқ дошта бошанд, ин ҷонибро огоҳ кунанд ва ё ҳушдор диҳанд, то минбаъд ҳалли ин масъалаҳоро ба онҳо вогузор намоем ва аз онҳо дархост кунем, ки посухи саҳеҳтар бидиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.15    №: 8    Мутолиа карданд: 1590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед