илм
ҶИРМИ ОФТОБӢ БО НОМИ ТОҶИКИСТОН
Соли ҷорӣ як ҷирми офтобии нав бо номи Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Феълан нуҷумшиносони мо як кометаро пайгирӣ доранд, ки хати ҳаракати он аз Тоҷикистон мегузарад ва дар сурати наздик шудан ба Замин натиҷаҳои хавфнок дорад. Ҳоло олимон омилҳои пешгирии хавфи онро таҳқиқ мекунанд. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Як ҷирми низоми офтобро Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон ба номи астрономи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузоштааст. Ин ҳаштумин ҷирми осмонист, ки номи донишманди Тоҷикистонро мегирад. Онро Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ ба номи нуҷумшиноси тоҷик гузошт. Албатта, ин нишони қадрдонӣ ба пажӯҳиши олимони тоҷик дар илми кайҳоншиносист. Гулчеҳра Қоҳирова ходими илми Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, дар мавриди шиҳобҳои наздик ба замин пажӯҳиши пурарзиши илмӣ бурдааст. Иттиҳоди байналмилали астрономӣ соли 2014 як астероидро таҳти рақами 24533 ба номи нуҷумшиноси тоҷик «Kokhirova» номгузорӣ кардааст. 12 – уми декабри соли рафта расонаҳои дунё аз фуруд омадани дастгоҳи кайҳонии «Розетта» ба рӯи шаҳоби Чурюмов – Герасименко хабар доданд. Светлана Герасименко, нуҷумшиноси тоҷикистонӣ ҳамроҳи фазошиноси украинӣ Клим Чурюмов ин кометаи думболадорро дар соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф кард. Ин думболадор, ки дар дурии 500 миллион километр аз замин қарор дорад, ба исми ҳар ду кашшофаш номгузорӣ шудааст.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.15 №: 8 Мутолиа карданд: 17638