logo

маориф

ИНТЕРНАТИ НАЗДИМАКТАБӢ – ВАСИЛАИ ДАСТРАСӢ БА ТАҲСИЛ

Дар интернати наздимактабии рақами 1 - и ноҳияи Рашт 121 нафар хонанда таҳсил мекунад. Давлат Шарифов, директори интернат, иброз дошт, ки он ҳудуди 20 сол аз фаъолият монда, хобгоҳҳояш тамоман хароб шуда буданд.
Соли 2011 бинои интернат аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ аз нав сохта шуд ва он чор сол боз фаъолият дорад. Хобгоҳҳои интернат дорои системаи гармидиҳӣ ва ҳаммоми замонавӣ мебошанд. Хонандагон аз деҳаҳои дурдаст баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи асосӣ ба ин ҷо ҷалб мегарданд. Талабагон дар як рӯз се вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд, ки он асосан аз ҳисоби буҷети маҳаллист. Соҳибкорону волидон низ маҳсулоти кишоварзӣ меоранд. Сарпарасти интернати мазкур бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аст.
Сайриддин Холиқов, хонандаи синфи 11 аз деҳаи Шолеи Ҷамоати деҳоти Меҳнат, Сорбони Ҷиёншо, Суҳробҷони Муродалӣ, хонандагони синфи 10 аз деҳаи Даҳана ва Алишер Пирумшоев, хонандаи синфи 9 аз деҳаи Шӯхон, иброз доштанд, ки дар интернати наздимактабӣ шароити мусоид барои таълиму тарбия ва зиндагӣ муҳайёст. Онҳо ният доранд, ки баъди хатми муассиса ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шаванд ва таҳсилашонро давом диҳанд.
Воқеан, таъсиси чунин муассисаҳо дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат хеле бамаврид аст. Зеро на дар ҳамаи деҳоти Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ вуҷуд доранд.
Интернатҳои наздимактабӣ мушкилоти идомаи тадриси хонандагонро дар деҳот ҳал менамоянд.
 

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.15    №: 11    Мутолиа карданд: 5518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед