маориф
ҲУНАР ОМӮЗ, К - АЗ ҲУНАРМАНДӢ...
Итминон дорам, ки ҳамаи аҳли ҷомеа, дар навбати аввал омӯзгорон ва падару модарони гиромии мо дар ин кори пурифтихору пурмасъул, яъне таълиму тарбияи насли навраси хушахлоқу боодоб, донишманду ҷӯянда ва соҳибкасбу соҳибҳунар саҳми инсонии худро дареғ намедоранд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Оре, «ҳунар чашмаи зояндаву давлати поянда аст» мегӯянд дар урфият ва суханрониҳои Президенти муҳтарами мо оид ба ин масъала қобили дастгирист. Ҳунар ба инсон роҳнамои зиндагӣ, кӯлбори пур аз завқу хоҳиш ва ғайрату кӯшишро ато месозад.
Шахсан ҳунармандро бошад, дар ҳама ҷо гиромӣ медоранд.
Бинобар ин, чун сухан дар бораи касбу ҳунар меравад, инҷо мо тасмим гирифтем дар бобати гузаронидани дарси технологияи касбу ҳунари духтарон дар мактаб изҳори андеша намоем.
Банда ба ҳайси омӯзгори фанни технология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба таълиму тадриси шогирдон адои вазифа дорам.
Сараввал бояд иброз намуд, ки касби омӯзгорӣ бисёр масъулияти гаронро тақозо менамояд. Садоқат ба ин касб омӯзгори асилро водор месозад, ки ҳамқадами замон буда, бо меҳнати софдилонааш дар дилу дидаи шогирдон ҷой гирад, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънӣ фармудаанд:
Ба кор ор илме, ки омӯхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрӯхтӣ.
Фанни технология яке аз фанҳои асосии замони муосир ба ҳисоб рафта аз муаллими ин соҳа шавқу ҳавас, меҳнатдӯстӣ, ҷаҳонбинии васеъ, сабру таҳаммул ва кордониву маҳорати зиёдро талаб мекунад. Бояд, пеш аз ҳама, худи омӯзгори ин фан саропо бо ҳунар мусаллаҳ бошад ва шавқмандии шогирдро нисбати ҳунар бедор карда тавонад.
Ман барои гузаронидани ҳар як машғулиятам бо духтарон тайёрии пухта мебинам. Бисёр фикр мекунам, мутолиа менамоям, то ки ба духтарон сирри олами касбу ҳунари аҷдодиро кушоям ва ҳамеша бар ёдам васиятҳои яке аз фарзанди барӯманди халқи тоҷик ва олими покравон Имоми Аъзам нисбати шогирдон меояд, ки гуфтаанд “Нисбати шогирдонат чунон мӯшфиқона рафтор кун, ки гӯиё ҳар яке аз эшонро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбату робитаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард” ё ин ки “Агар 10 сол бидуни касбу қувват бимонӣ, аз илм рӯ магардон”. Аз ин рӯ, пайваста меомӯзам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳунарҳои омӯхтаи хешро ба толибилмон омӯзонам.
Тайёр намудани таомҳои миллӣ ва ҳар гуна хӯришҳо, аз хамир пухтани маҳсулоти ордӣ, ороиши дастархони идона, ҷиҳозонидани хона, кашидадӯзӣ, бофтан, дӯхтан, ороишӣ мӯй ва амсоли ин гуна ҳунарҳоро ба духтарон омӯзонда онҳоро бо баробари дониш омӯзондан ба зиндагӣ низ омода менамоем.
Таълими технология дар таълимгоҳҳо имрӯзҳо яке аз рукнҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии хонандагон аҳамияти муҳим дорад.
Зайнабҷон ҲАКИМОВА,
омӯзгори фанни технологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.15 №: 11 Мутолиа карданд: 6203