маориф
ДСРТ - УЗВИ ДОНИШГОҲИ СПАД
Соли гузашта Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба ҳайати Лигаи донишгоҳии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва Донишкадаи байнидавлатии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дохил шуд. Дар ин бора Шанбезода Хусрав, муовини ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иттилоъ дод.
- Феълан донишгоҳ бо 61 донишгоҳи хориҷӣ робитаҳои илмӣ дошта, танҳо дар соли гузашта 16 созишномаи байнидонишгоҳӣ ба имзо расидааст. Дар донишгоҳ 117 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунад. Соли гузашта ба донишгоҳ аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия 133 239 100 сомонӣ, аз буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 69 67 сомонӣ, ғайрибуҷавӣ 120 60 486,6 сомонӣ, барномаи рушди донишгоҳ 3600 000 сомонӣ ва аз ҳисоби грантҳо 215 245 сомонӣ ворид гардид. 159 донишҷӯ стипендияи академикӣ ва 72 донишҷӯ стипендияи иҷтимоӣ мегиранд. Ҳар моҳ ба 85 донишҷӯ аз оилаҳои камбизоат як вақт хӯроки ройгон дода мешавад, ки ба ҳар яки онҳо дар як рӯз 25 сомонӣ ҷудо шудааст. Барои донишгоҳ таҳкими минбаъдаи базаи моддиву техникӣ хеле муҳим буда, бидуни он омодагии мутахассисони баландихтисоси муосир номумкин аст. Аз ин рӯ дар раванди татбиқи Барномаи рушд барои раванди таҳсил ба маблағи беш аз 25 миллион рубли русӣ таҷҳизот харида шуд, - иброз дошт Шанбезода Хусрав.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.15 №: 11 Мутолиа карданд: 5542