маориф
ЯТИМОНИ КУЛ РОЙГОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Муъмин Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба саволи хабарнигорон дар бораи мушкили норасоии кадрҳои омӯзгорӣ гуфт, ки муаллимони синни нафақа мувофиқи қонунгузории кишвар аз тариқи шартнома фаъолияти меҳнатиашонро идома дода истодаанд. Дар ин маврид то ҳол мушкиле пеш наомадааст. Ҳамчунин ба пурсиши хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар хусуси дастгирии донишҷӯёни камбизоату бепарастор Муъмин Шарифов посух дод, ки «алҳол дар ДДТТ 180 нафар ятимон таҳсил доранд, ки 16 нафари онҳо ятимони кул мебошанд. Бо назардошти имконоти мавҷуда онҳо аз пардохти маблағи таҳсил озоданд. Агар донишҷӯи ятим ё аз оилаи камбизоат забони хориҷиро хуб донад ва дар идомаи таҳсил худро чун донишҷӯи боистеъдод нишон диҳад, мо омодаем, ӯро ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ бастаем, барои идомаи таҳсил бифиристем». Зикр гардид, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия аз вазифаҳои аввалиндараҷа шумурда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос пайваста талош меварзад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.15 №: 12 Мутолиа карданд: 5566