маориф
ҲАЙДАР ОДИНАЕВ: ММТ БА ДТТ ДОНИШҶӮ КАМ ПЕШНИҲОД КАРД
Соли хониши 2014 - 2015 756 нафар донишҷӯёне, ки азми ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дохил шудан доштанд, ба донишгоҳҳои дигари кишвар интиқол ёфтанд. Донишҷӯёни мазкур тавассути Маркази миллии тестӣ ҳангоми интихоби ихтисосҳо ва кодҳо, фикр карданд, ки довталаби Донишгоҳи техникии Тоҷикистонанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ иттилоъ дод.
- Тибқи нақшаи қабули соли таҳсили 2014 - 2015 ба ДТТ мебоист, 2 105 донишҷӯ дохил мешуд. Аз рӯйи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДТТ ҳуҷҷати 1 411 донишҷӯ пешниҳод гардид. Дар бахши буҷавӣ 618 нафар бо назардошти квотаи президентӣ, ки баробари 97,3 % ва шартномавӣ 841 нафар ё 57% -ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён 67,0 % - ро ташкил медиҳад. Агар довталабон зиёда аз 700 нафар ба донишгоҳ қабул мешуданд, онҳо аз тариқи шартномавӣ буданд ва солона ба буҷети донишгоҳ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ворид мешуд. Мутаассифона, бо кам роҳхат додан ба Донишгоҳи техникӣ ҳолате пеш омад, ки наздик ба 100 устод аз сабаби мушкили молӣ аз кор рафтанд. Имсол як қатор барномаҳоро рӯйи даст гирифтем, ки то сар шудани бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, радио, матбуот ва ба хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба донишгоҳ, рамз ва бахшҳои он ба ҳангоми интихоб маълумоти дақиқ пешниҳод намоем, то ҳолати соли қабули 2014-2015 такрор нагардад, - иброз дошт Ҳайдар Одинаев.
Феълан дар донишгоҳ 9 244 донишҷӯ таҳсил дошта, 57 нафар донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Соли ҷорӣ донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 29 медал ба даст овардааст, аз ҷумла 9 медали тилло ва зиёда аз 140 донишҷӯ бо дипломи сурх хатм кардаанд.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.15 №: 12 Мутолиа карданд: 5664