logo

илм

ЗАБОНИ МИЛЛИРО ЭҲТИРОМ БИГУЗОРЕМ

Дар моддаи 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».  Аз ин хотир  ҳар як фарди ватандор вазифадор аст, ки ин нуқтаҳои Сарқонунро дар бораи амали забони давлатӣ иҷро намояд. Дар робита ба ин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намудааст, ки «Ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад»…

Дар ин росто агар  ба таърихи на чандон дури забони миллӣ нигарем, дар рақобатпазирӣ ба забонҳои дигар, ба хусус арабӣ чӣ бархӯрдҳое кардааст, ки аз бузургдошти забони модарӣ дар масъалаи ҳаёту мамоти миллат арзёбӣ мешавад. Масалан,  ба забони тоҷикӣ дар асрҳои IX – X  адабиёти бой  ба вуҷуд оварда шуд. Дар ин асрҳо дар илм, дар маданияти моддӣ ва маънавӣ дигаргуниҳои амиқ ба амал омада,  ниҳоят боиси ба вуҷуд омадани мактабу равияҳо гардиданд.
Бояд эътироф намуд, ки забони арабӣ забонҳои зиндаи эронии аҳолии Эрон ва Осиёи Миёнаро аз байн бурда натавонист. Забони арабӣ ба сифати забони адабиёти хаттӣ танҳо дар байни қисмати миқдоран ночизи табақаи  ашроф, шоирон ва олимони дарбор ривоҷ ёфта буд. Оммаи васеи аҳолии шаҳру деҳкадаҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон, Эрони Ғарбӣ бошанд, ба забони модарӣ суҳбат карданд, ба ин забон суруд ва достонҳои қаҳрамонӣ эҷод менамуданд.
Инкишофи пуршукӯҳи адабиёти классикии форсу тоҷик, махсусан, аз давраи Сомониён, аз даврае, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва инчунин ҳамзамонҳои онҳо Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ ва дигарон асарҳои пурқимати бадеиашонро ба забони форсӣ эҷод кардаанд, сар мешавад.
Забони форсӣ дар асри IX – X нафақат барои мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ: курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо,  Озорбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асри миёна забони асосӣ ва ҳатто адабиёти ягонаи хаттӣ ба шумор мерафт.
Забони форсӣ забони арабиро, ҳатто дар навиштаҷоти асбобҳои рӯзгор ва катибаҳо танг кардааст.
Мо дар андак муддат аз соли 1929 то соли 1940 ду бор алифбо дигар кардем, аввал ба хати лотинӣ ва баъд ба кириллӣ гузаштем. Лекин бидуни тайёрии махсус, на оҳиста - оҳиста ва поя ба поя, балки якбора гузаштем. Дар натиҷа аз адабиёти бадеиву илмии ҳазорсола, аз бисёр адӯхтаҳои олии забони адабӣ ба як бор канда шудем. Тасаввур кунед, халқе, ки асрҳо боз тафаккури китобӣ дошт, моҳиятан якбора бе китоб монд. Зиёда  аз ин, мардум аз тарс, фишору зӯроварӣ дар муддати бештар аз 15 сол дастнависҳои қадим ва китобҳои чопи сангии пеш аз инқилобро ба дасти худ нест карданд.
Вазъи забони миллӣ дар кишвари мо ҳоло ба ниҳояти зарурӣ хуб нест. Бархе аз лавҳаҳо, шиорҳо, эълонҳо ва дигар навиштаҳои тоҷикӣ, чанд хатои услубӣ ва имлоӣ доранд. Ҳангоме ки бисёре аз мутахассисони соҳаҳои гуногуни илму амал  бо аҳолӣ вохӯрда ё аз телевизион ба забони тоҷикӣ сухан меронанд, бисёр вақт фаҳмида наметавонем, ки онҳо чӣ мегӯянд.  Ин ҳама намоёнгари муносибати мо ба забони модарӣ аст.
Ин норасоиро давлат фаҳмид ва барои интихоботи дарпешистода сатҳи забондонии номзадҳо санҷида мешаванд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ба санҷиши номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оғоз кард, то муайян шавад, ки забони давлатиро дар кадом сатҳ медонанд. Яке аз бародаронам, корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳикоят кард, ки аввали моҳи декабри соли 2014 бо сафари хизматӣ озими шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон гардидем. Забони муошират тавассути тарҷумонҳо сурат мегирифт. Ба Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, аз қабили пӯшок, хӯрок ва доруворӣ бештар ворид мегардад. Маълумотҳои зарурӣ дар он ба забони миллии тоҷикӣ нест. Ин беэҳтиромӣ нисбат ба забони мо аст. Дар компютер  барномарезиҳо бо  забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд. Кори илмӣ дар Тоҷикистон асосан фақат дар соҳаи филология ва қисман дар риштаи таъриху фалсафа ба забони тоҷикӣ анҷом меёбад. Дигар ҳама фанҳо ба забони ғайридавлатӣ сурат мегиранд. Ҳама муҳтоҷи ВАК - и Русия…
Аз ин рӯ, инкишофи услуби илмии забони ҳозираи тоҷикӣ дар аксари соҳаҳои асосӣ (илмҳои дақиқ ва техникӣ) ҳанӯз сар нашудааст ё акнун нахустин қадамҳои ноустувор мегузорад.
Ин ҳам ба ҳамон холигии шуури таърихӣ ва ҳофизаи маданӣ вобастагӣ дорад, ки нишонаи ҷудоӣ аз гузашта мебошад.
Забони илмии тоҷикӣ дорои таърихи ҳазорсола аст ва дар оғозҳои он бузургоне чун Ибни Сино ва Берунӣ истодаанд. Инкишофи баъдина ва такмили он низ ба номи намояндагони барҷастаи илмҳои гуногун: фалсафа, филология, тиб, риёзиёт, ҳайат ва ғайра вобаста аст. Гарчанде ки забони илми классикии форсиву тоҷикӣ хусусияти асримиёнагӣ дорад, имрӯз метавонад ба ҷуз баъзе қисмҳои истилоҳот асоси услуби илмии забони ҳозираи тоҷикӣ қарор гирад.
Философи машҳури олмонӣ Гегел гуфтааст: «Форсҳо – тоҷикҳо нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи форс – тоҷикон оғоз меёбад. Дар байни ин халқ аврупоӣ худро бегона намепиндорад. Дар байни ин мардум садҳо бузургоне ҳастанд, ки агар дастам мерасид, ҳайкали онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбӯси дари онҳо мешудам, зеро агар адабиёти Шарқ намебуд, Аврупо ва Ғарб дар ҳолати сукут буд. Макони тоҷикон дар Суғду Бохтар, Хоразм ва ду дарё: Ҷайҳуну Сайҳун (Сиру Ому) аст. Баромади халқҳои мутамаддини Аврупои муосир аз ин диёри тоҷикон аст».
Масъалаи инкишофи забони илм яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳастии маънавию фарҳангии  халқ мебошад.
Забони давлатиро шурӯъ аз кӯдакистонҳо бояд омӯзонд. Омӯхтани забони модарӣ як умр давом хоҳад дошт ва оила, кӯдакистон, мактаби таҳсилоти миёнаву олӣ, тамоми ҷамъият бояд барои чунин омӯзиши доимӣ заминаи мувофиқ ба вуҷуд оранд.
Чингиз Айтматов барҳақ гуфтааст: «Албатта, ҳеҷ кас касеро маҷбур карда наметавонад, вале шуури миллатро аз таърихи ӯ озод кардан, хусусан ба даст кашидан аз забони модарӣ даъват намудан, ин дасткаширо дастгирӣ кардан ҳам норавост. Дар ин кор ҳам ҳаққоният нест, ин кор қариб баробари он аст, ки аз падару модари худ даст кашем».
К. Д. Ушинский гуфта буд: «Забони модарӣ асоси инкишофи бузурги фикрӣ ба ганҷинаи ҳама донишҳост, ҳар фаҳмише аз он оғоз меёбад, ба воситаи он меояд ва ба он бармегардад».
Тавре зикр шуд, ки масъалаи бузургдошти забони модарӣ масъалаи ҳаёту мамоти миллат аст, забони модариро бузург надошта, чӣ сон метавон Ватанро бузург дошт, чӣ сон метавон таърихи миллат ва азизону номдорони варо бузург дошт? Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол  ва нестист.       
 

 Абдураҳими АБДУЛЛОҲ,
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.15    №: 13    Мутолиа карданд: 17960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед