маориф
Ш. ОРУМБЕКЗОДА: «БИДУНИ ДАХОЛАТИ ММТ ДОВТАЛАБОНРО ҶАЛБ МЕКУНЕМ»
Яке аз мушкилоти муҳими соҳаи фарҳанг талаботи рӯзафзуни кормандони соҳа, бахусус таъмини ҳунарпешаҳои ҷавон бо ҷойи зист дар шаҳрҳо ва баъди хатми муассисаҳои фарҳангӣ ба ҷои кор барнагаштани мутахассисони ҷавон мебошад.
Дар ин бора Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ изҳори нигаронӣ кард.
- Талабот ба шароити моддӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанг аст. Мо ин талаботро дарк мекунем ва талош карда истодаем, ки бидуни маблағи буҷетӣ барои кормандони соҳа бинои баландошёнаи манзили зист созем ва алабатта бо нархи нисбатан арзон ба кормандони соҳаи фарҳанг фурӯшем. Роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ дорем. Таъсиси боғҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо буд. Соли гузашта тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон қабул шудани довталабони муассисаҳои фарҳангии кишвар муваффақ набуд. Зеро Маркази миллии тестӣ довталабони боистеъдодро пушти дар монд, яъне малакаи онҳоро ба назар нагирифт. Дар соҳаи фарҳанг истеъдод авлавият дорад. Ба ин сабаб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии миёнаи фарҳанг теъдоди ками донишҷӯён қабул шуданд. Дар Консерваторияи миллӣ 50% , Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн - 22% ва коллеҷу муассисаҳои дигари таълимии соҳа 28% донишҷӯ шуданд. Барои ҳалли ин мушкил ба чораандешӣ шурӯъ кардем, минбаъд довталабонро ба таҳсил дар мувофиқа бо Ҳукумат бидуни дахолати Маркази миллии тестӣ ҷалб мекунем. Соли гузашта 37 квотаи президентӣ ҷудо шуда буд, 35 нафар донишҷӯ гардид. Мутаассифона аз ноҳияи Тоҷикобод ягон довталаби квотаи президентӣ наомад. Дар умум 376 донишҷӯ аз тариқи квотаи президентӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳсил мекунад
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.15 №: 14 Мутолиа карданд: 5561