сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон
ба Муғулистон рафт
26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари расмӣ ба Муғулистон рафт.
Дар фурудгоҳи пойтахт Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси Кумитаи давлатии амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3281