маориф
ИЛМУ МАОРИФ – САМТИ КАЛИДӢ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014 низ соҳаи илму маориф дар сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ шуд ва зикр гардид, ки он дар оянда ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.
Вобаста ба муҳимияти масъала Ҳукумати кишвар барои рушди соҳа тамоми имконоти худро истифода мекунад ва маблағгузориро барои он ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Дар Паёми соли 2013 таъкид шуда буд, ки «мо раванди таълими тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем».
Дар ин Паём диққати бештар ба бунёди муассисаҳои томактабӣ, фаро гирифтани шумораи бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо ва ба зинаҳои гуногуни таълиму тарбия, ки ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасонанд, дода шуда буд. Воқеан, давроне фаро расида буд, ки ба ин масъала махсус бознигарӣ ва боло рафтани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи махсус дода шавад. Чунки дар зарфи даҳ сол дар мамлакат бештар аз ҳазор мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардида буд. Суръати сохтмони чунин мактабҳо дар солҳои баъдӣ низ кам нагардид, балки афзоиш ёфт. Барои ҳамон сол, яъне соли 2013 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд буд. Ба масъалаи мазкур аслан бо назардошти муҳимияти он аз соли 2010 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида буд ва зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ самти афзалиятнок эълон шуд.
Дар Паёми баъдӣ барои ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷиҳати таъмини рушди соҳа, беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф барои ҳафт соли оянда ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Агар ба умқи масъала нек назар афканем, дармеёбем, ки ба соҳа бештару беҳтар аз пештар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Яъне дар маркази диққат ҳафт соли оянда мебошаду рушди соҳа бояд таъмин гардад. Ба ин хотир маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ин Паём Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешуд, ки ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамаҷониба диққат бидиҳад. Мақсад аз он ба фазои ягонаи таҳсилот ворид гардидан буд. Инчунин барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекард.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ эътироф гардиданд ва ин аз дастовардҳои муҳими соҳа маҳсуб меёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ вазифадор намуд, ки дар ҷараёни таълим муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ васеъ истифода намоянд. Ба ин хотир ва беҳдошти сифати таълиму тарбия аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ истифода бикунанд. Ба ҷуз ин нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохилию ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ созанд. Гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот то соли 2020 муқаррар гардидааст.Ҳамин буд, ки дар ин сол қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ нахустин бор ба василаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Мақсад аз ин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳони қабул буд. Чунин тарзи қабул имкон фароҳам овард, ки шаффофият таъмин гардад ва довталабон бо боварӣ омодагии ҷиддӣ бигиранд. Да имтиҳонҳои қабули имсола муҳимияти донистани илмҳои дақиқ барои ҳамаи довталабон равшан ошкор гардид. Ин муҳассилон, довталабони ояндаро вазифадор сохт, ки ба он таваҷҷуҳи махсус бидиҳанд.
Вазорати маориф ва илми кишвар зимни ироаи Паём вазифадор карда шуд, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамасола муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод созад. Мақсад аз он агар аз як тараф рақобати солим бошад, аз тарафи дигар интихоби дурусти довталаб дар мавриди ихтисос ва мактаби олии касбӣ аст.
Тақозои давлат бо рушди соҳа, хоса пешрафти илми кишвар рушди иқтисод дар замони муосир мебошад. Зеро мусаллам аст, ки чунин пешрафт танҳо туфайли тарбияи дурусти кадрҳо дар мактаби олӣ даст медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.15 №: 15 Мутолиа карданд: 5721