logo

маориф

ДОНИШКАДА ТАҒЙИРИ НОМ МЕКУНАД

Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Хуршед Зиёев  зимни  нишасти матбуотӣ аз фаъолияти донишкадаи мазкур дар соли ҳисоботии 2014 гузориши мухтасар дод. Ӯ аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар донишкада чор факултет ва 11 кафедра фаъолият намуда, донишҷӯён ба омӯзиши 10 забони хориҷӣ аз рӯйи ихтисос фаро гирифта шуданд.
Донишкада соли гузашта бори нахуст натиҷаҳои қабулро тибқи имтиҳоноти мутамарказ дар Маркази миллии тестӣ баррасӣ кард. Ба муассиса аз 749 ҷойи мувофиқи нақша муайянгардида 551 нафар дохил гардид, ки ин ба 74 фоиз баробар аст. Аз ин шумора 226 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 325 нафар шартномавӣ донишҷӯ шуданд.  Ба 58 нафари дигар донишҷӯ шудан аз тариқи квотаи президентӣ насиб гардид. Муассисаро 540 нафар хатм намуданд. Маълумоти расида гувоҳӣ медиҳад, ки 8 хатмкардаи мо то ҳол ба муассисаҳои таълимии роҳхатгирифтаашон ҳозир нашуданд. Нисбат ба онҳо тибқи қонунгузории ҷорӣ тадбир андешида хоҳад шуд.
Ба пурсиши рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти минбаъдаи донишкада ректор чунин посух гуфт:
- Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ  барои солҳои 2015 - 2020, ки моҳи июни соли 2014 дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифт, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи як бинои иловагии  таълимӣ дар донишкада таҳия ва пешниҳод гардид. Дар назар аст, ки сохтмони он аз ибтидои соли равон шурӯъ мешавад. Ҳамчунин дар барномаи зикршуда тағйири номи донишкада ва ба «Донишкадаи забон ва робитаҳои байналмилалӣ» табдил додани он пешбинӣ шудааст.

Э. НАЗАРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.15    №: 16    Мутолиа карданд: 5630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед