президент
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
21 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.
Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
Ҳамчунин роҳбарони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.
Аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъйингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.15 №: 16 Мутолиа карданд: 25486