барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
23 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли андуҳу ғам хабари вафоти марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро дарёфт намудем. Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеи қотеъ дошт.
Мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.15 №: 17 Мутолиа карданд: 3625