logo

паёмҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, шаҳри Душанбе, 23 январи соли 2015

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад.
Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.
Ҳукумати мамлакат дар асоси ҳадафу вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёнгардида иборат аз 52 банд нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онҳоро таҳти назорат қарор додааст. Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаи қарзиву грантӣ таҳияву қабул гардиданд ва татбиқ шуда истодаанд.
Дар натиҷа соли 2014, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид ва кишвари мо ба сӯи пешрафти босуботи иқтисодӣ боз як қадами устувор гузошт. Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 мо тавонистем, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намоем. Дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил кард. Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд.
Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад.
Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд. Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардиданд. Дар ин сол аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 73,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ фавти модарону кӯдакон низ нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудааст. Аз ҷумла дар давраи солҳои 2000 – 2014 фавти кӯдакони то 5 - сола ва фавти модарон ҳангоми таваллуд ду баробар кам гардидааст.
Дар соли 2014 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардидани буҷети давлатӣ имкон дод, ки Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро дар бобати пардохти саривақтии маош, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ, маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои таъминкунандаи амнияти мамлакат, сохтмон, энергетика, инфрасохтор ва роҳҳо пурра иҷро намояд.
Бояд зикр кард, ки дар доираи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ таносуби қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир 1,7 баробар кам гардида, ҳоло 22,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ислоҳоти идораи давлатӣ, пешрафти бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва рушди неруи инсонӣ ҳамчун афзалиятҳои миллӣ муайян шудаанд, ки барои тавсеа ёфтани озодиҳои иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин афзоиши ҳаҷм ва сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Имсол муҳлати амали Стратегияи миллии рушд ба охир мерасад ва мо барои ташкили арзёбии натиҷаҳои бадастомада, аз ҷумла ҷиҳати истифодаи механизми танзими рушд ва асосноксозии самтҳои минбаъдаи фаъолият кӯшиш мекунем.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятнок, инчунин иҷрои чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ пешбинишуда таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Дар ин раванд зарур аст, ки мушкилоту камбудиҳо сари вақт бартараф гардида, баробари натиҷагирӣ аз иҷрои барномаҳо нақшаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат мушаххас гардонида шавад. Зеро соли ҷорӣ шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтақаҳои гуногуни олам, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин дигар мушкилот ҳамчун омилҳои манфии ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ таъсиррасонанда пешбинӣ мегарданд.
Дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда доир ба нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, самаранокии идораи давлатӣ, татбиқи сиёсати ҳадафманди молиявӣ, таъмини пурраву саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, рушди соҳаҳои мухталиф, хусусан соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин пешбурди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.
Вакилони муҳтарам!
Ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат мо дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишварро самтҳои афзалиятнок мешуморем.
Дар ин раванд, ба масъалаҳои пурра ва самаранок ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчи бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 бо азму талоши Ҳукумат, шарикони рушд ва заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал карда шуданд. Дар баробари ин, бо сабаби вақт ва захираҳои зиёдро талаб кардани ҳалли баъзе масъалаҳо ва мавҷудияти монеаҳои муайян дар ин самт, инчунин вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як қатор мушкилот боқӣ мондаанд.
Бинобар ин, мо бояд сиёсати иқтисодии худро тарзе ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад. Ҳоло натиҷаҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 дар сатҳи вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ шуда истодаанд.
Мо ба нақша гирифтаем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ҳисоботи фосилавии стратегияи зикршударо дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти кишвар ва Форуми рушд баррасӣ карда, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти босуботи мамлакат барои давраи то соли 2030 силсилаи ташаббусу пешниҳодҳоро муҳокима кунем.
Дар иртибот ба ин, бори дигар изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некуаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмӯъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда мешаванд.
Сиёсати буҷетии давлат дар давраи миёнамуҳлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Бояд гуфт, ки танҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Дар баробари ин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад.
Танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷети давлатӣ дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро таъмин карда, ҷиҳати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои он барои амалисозии афзалиятҳои рушди кишвар чораҷӯӣ намояд.
Инчунин ҷиҳати ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Таъмини назорати доимӣ ва қатъии истифодаи мақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад.
Дар шароити кунунӣ мо барои таъмин намудани устувории сатҳи нархҳо, низоми бонкӣ, гардиши пул ва низоми пардохтҳо сиёсати пуливу қарзии самаранокро татбиқ мекунем. Маълум аст, ки бинобар таъсири омилҳои беруна, махсусан коҳишёбии иқтисодиёт ва қурби пули кишварҳои шарики тиҷоратии мо вақтҳои охир қурби пули миллӣ таҳти фишор қарор дорад.
Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор аст, ки барои татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва асъорӣ дар асоси таҳлилҳои асоснок бо дарназардошти манфиатҳои иқтисоди ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дӯстони азиз!
Бо дарназардошти он, ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳимми иқтисоди кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Танҳо соли 2014 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» ва агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуда, сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид, ки соли 2017 бо дарназардошти навбати аввал бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад. Инчунин ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он дар муддати ҳафт соли охир аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ, коршиносони мустақили байналмилалӣ ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа гузаронида шуд.
Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки норасоии неруи барқ яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо мебошад ва айни замон дар ҳаёти иҷтимоии мардум мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди неруи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мо корҳои барқарорсозиву сохтмонро дар ин иншооти тақдирсоз тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳем.
Вақтҳои наздик татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хати интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 ва лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз мегардад. Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад.
Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак идома дошта, соли 2015 корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои Қайроққум ва Сарбанд шурӯъ мегарданд. Танҳо барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳое, ки зиёда аз 40-50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст. Имрӯз Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин ҳолат масъалаи пайдо шудани истифодабарандагони нави неруи барқро ба миён мегузорад, ки таъмини онҳо бо неруи барқ вазифаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013-2014 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад. Масалан, танҳо барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ қариб 22 миллион киловатт - соат барқ зарур аст.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва азнавсозии шабакаҳои энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ 13,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар соли 2014 ба ин мақсад зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд ва ин нишондиҳанда дар се соли оянда 7 миллиард сомониро ташкил хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳа ва кам кардани талафоти неруи барқ татбиқи босифати лоиҳаи “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ”-ро таъмин намоянд.
Барои бартараф намудани норасоии неруи барқ Ҳукумати мамлакат то имрӯз корҳои муайянеро анҷом дода, барои солҳои оянда нақшаи нави амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикиро тарҳрезӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик расидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад. Имсол дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо барқ ҳаст, корхонаҳои саноатӣ пурра кор мекунанд ва умуман лимити интиқоли барқ нисбат ба 2-3 соли пеш қариб 5 соат зиёд аст.
Имрӯзҳо дар ҳудуди мамлакат 21 ширкати ватаниву хориҷӣ дар соҳаи нафту газ ба корҳои иктишофӣ, пармакунӣ, истихроҷ ва коркард машғул аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки масъалаи аз ҷониби ширкатҳои зикршуда иҷро гардидани шартҳои созишномавиро мунтазам назорат карда, дар сурати иҷро нашудани шартҳои онҳо доир ба бозхонд кардани иҷозатномаҳо чораҳои дахлдор андешад.
Ҳоло дар қаламрави кишвар 18 ширкати ватаниву хориҷӣ дар 14 кон бо истихроҷи ангишт машғул аст. Бояд гуфт, ки солҳои охир истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2014 истеҳсоли он ба 875 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 3 баробар зиёд мебошад. Имсол истеҳсоли ангишт ба 1 миллион тонна расонида, талаботи дохилӣ пурра қонеъ карда мешавад.
Ҳозирони гиромӣ!
То имрӯз барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳо ва лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотӣ амалӣ карда шудаанд, аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи мазкур барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ хоҳад монд.
Ба ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2014 зиёда аз як миллиард сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда ҷудо намудани беш аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин раванд, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, роҳҳои Душанбе - Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён, Айнӣ – Панҷакент, Душанбе – Хоруғ - Кулма (қитъаи Шӯрообод-Дарвоз), Восеъ – Ховалинг, бунёди роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), таҷдиду сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳоло лоиҳаи роҳҳои Дарвоз – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон) ва Хуҷанд – Исфара омода шуда истодааст.
Татбиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои ҳамсоя, яъне бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба мақсади боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо, таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитии Тоҷикистон доир ба маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешад. Зеро мавҷудияти шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ барои пешрафти минтақаҳои кишвар имконияти васеъ фароҳам меорад ва зарур аст, ки ҷиҳати табдил додани онҳо ба шоҳроҳҳои байналмилалии иқтисодӣ низ чораҷӯӣ карда шавад.
Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар раванди таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои мамлакат имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварро ҳамчун заминаи тараққиёти минбаъда ба инобат гиранд.
Илова бар ин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилии ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Барои ҳалли масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Хоруғ, Истиқлол, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Панҷакент, Зафаробод, Шаҳристон, Истаравшан, Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар солҳои 2010-2018 беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз хеле корҳо иҷро шудаанд ва корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда тибқи нақша амалӣ карда мешаванд.
Татбиқи чунин барномаҳои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ дар назар аст.
Ҳозирони гиромӣ!
Маълум аст, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳаҳои коркард ҳамчун таъминкунандаи рушди иқтисод аз сатҳи таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии амиқ дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат доир ба рушди соҳаҳои зикршуда корҳои назаррас анҷом ёфта, тавассути воридоти техникаву технологияҳои муосир солҳои 2012-2014 зиёда аз 1000 коргоҳҳои доимӣ, мавсимӣ, инчунин корхона ва иқтидорҳои нав таъсис дода шудаанд.
Дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Вахш ва Ҳисор корхонаҳои коркарди нахи пахта сохта шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки солҳои наздик ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба 70 фоиз расонида шавад.
Иқдомоти зикршуда бевосита ба болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамоянд.
Ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳо дар ин самт вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ бояд дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа ва рушди минбаъдаи он чораҳои муассир андешанд.
Захираҳои маъдан ва ашёи хоми кишвар имконият медиҳанд, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Дар ояндаи наздик сохтмон ва ба истифода супурдани корхонаи металлгудозӣ дар ноҳияи Ҳисор бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор тонна оҳани сохтмонӣ ва дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иқтидори 100 ҳазор тонна корхонаи металлургии истеҳсоли металли сурбу руҳ идома дорад. Умуман, дар ин минтақаи саноатӣ бунёди 5 корхонаи нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхонаи коркарди маъдани Анзоб корхонаи металлургии истеҳсоли сурма бо иқтидори 5 ҳазор тонна сохта, ба истифода дода шуд ва дар таърихи саноати металлургии Тоҷикистон бори аввал истеҳсоли сурмаи металлӣ оғоз гардид.
Амалисозии ин тадбирҳо ба рушди соҳаи саноати металлургии тоҷик ва ҳалли масъалаҳои ташкили ҷойҳои корӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Инчунин, дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли семент ба истифода супурда шуда, тибқи нақша соли ҷорӣ боз се корхонаи сементбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ваҳдат ва Ёвон бо иқтидори 3 миллион тонна сохта, ба истифода супурда мешавад. Имсол дар ноҳияи Данғара бунёди корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1,8 миллион тонна ва дар шаҳри Исфара бо иқтидори 1 миллион тонна оғоз мегардад. Иқдомоти зикршуда имкон медиҳанд, ки воридоти семент аз хориҷи кишвар ба содироти он иваз гардад.
Бо мақсади иҷрои нақшаҳои пешбинигардида Ҳукумати мамлакат бояд истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ таъмин намояд. Илова бар ин, ҷиҳати рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст тавассути истифодаи технологияҳои мутобиқ ба шароити минтақаҳои кӯҳистон чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо дарназардошти Стратегияи рушди миллӣ барномаи дарозмуддати пешрафти соҳаи саноатро таҳия ва қабул намояд.
Дӯстони азиз!
Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад.
Дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор қариб 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ ба назар мерасад. Танҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Яъне ин барнома пурра иҷро гардид ва зарур аст, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Инчунин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ, картошкапарварӣ ва азхудкунии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад.
Ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва дар се соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ барои рушди онҳо ҷудо намудани зиёда аз як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар кишвар 52 корхонаи коркарди гӯшту шир сохта, ба истифода дода шудааст ва раванди бунёди чунин корхонаву коргоҳҳо бомаром идома дорад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамони нигаҳдории меваю сабзавот, ҷойгиркунии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва банду басти он ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор дошта, боиси талафи зиёди маҳсулоти истеҳсолшуда мегардад.
Мувофиқи маълумот соли 2014 дар истеҳсоли бисёр намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка ва пахта ба пастравӣ роҳ дода шудааст, ки чунин вазъ дар шароити имрӯза боиси нигаронӣ мебошад. Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд якҷо бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, бо дарназардошти талаботи бозор ба нақша гирифтани кишти зироатҳо, воридоти техника, ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, истифодаи роҳҳои инноватсионӣ ва таъмини ҳарчи беҳтари бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамасола дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи саноати коркард на кам аз 60 фоиз ва дар сохтори маҳсулоти саноати коркард ҳиссаи истеҳсоли озуқаворӣ на кам аз 50 фоизро ташкил менамояд. Лекин бо вуҷуди захираву имкониятҳои зиёд ҳанӯз ҳам ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ дар таркиби молҳои воридотӣ то 20 фоиз ё тақрибан 3,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат таваҷҷуҳи хоси масъулон ва сохтору мақомоти марбутаро талаб менамояд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсолоти дохилӣ ва ба ин васила тадриҷан таъмин намудани қисми асосии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ чораҷӯӣ карда шавад. Яъне вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мо бояд кӯшиш кунем, ки дар солҳои наздиктарин талаботи мамлакатро ба аксарияти молҳои озуқаворӣ тавассути афзоиш додани истеҳсоли дохилӣ қонеъ намоем.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҷорӣ намудани дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини эҳтиёҷоти ҳамаи соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда доир ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, тадбирҳои мушаххас андешад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар ба иқтисодиёти мамлакат танҳо дар соли 2014 ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ҷалб гардидаанд.
Дар панҷ соли оянда татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими афзалиятнок дар назар дошта шуда, ба ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 70 миллиард сомонӣ, аз ҷумла тавассути сармоягузории мустақим беш аз 40 миллиард сомонӣ ҷалб карда мешавад, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф ва дар маҷмӯъ, ба таъмини ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳафт соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 11 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми бештари он ба соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва бунёди роҳҳо равона карда шудааст.
Дар шароити имрӯза азхудкунии самараноку оқилонаи захираҳои қаъри замини Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва иктишофии конҳои нав тавассути ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Барои ин, зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҷараёни татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ба таври назаррас зиёд намудани саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати кишвар то имрӯз бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ислоҳоти иқтисодиро бомаром идома бахшид, ки дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.
Соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон 8,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 5,1 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 17 фоиз зиёд мебошад. Дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби бонкҳо ба соҳибкорон 31 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст ва тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ барои дастгирӣ ва пешрафти соҳибкорӣ 16 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам содаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад.
Як нукта мусаллам аст, ки нақши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ дар амри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон, фарҳанги мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ, табобату нигоҳубини беморон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад.
Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро низ мунтазам дастгирӣ менамояд. Дар соли 2014 афзун намудани маблағгузорӣ дар ин самт, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд, таъмиру таҷдиди мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо амалӣ гардида, ин сиёсат имсол ва солҳои оянда низ идома меёбад.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад. Чунонки болотар зикр намудам, соли 2014 дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаанд. Соли 2015 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шаванд.
Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад.
Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи неруи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад.
Илова бар ин, дар бобати азхуд кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати такмили масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Соли гузашта ҷиҳати пешрафти соҳа беш аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо гардида, соли равон ба ин хотир ҷудо намудани се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат дар асоси супориши Паёми соли гузаштаи Президенти кишвар “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019”-ро қабул намуд ва ҳоло татбиқи он идома дорад.
Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, қариб 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад. Ё худ дар кишвар соли 2012 711 марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекарданд ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 000 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд.
Илова бар ин, дар мамлакат 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад. Яъне имрӯз барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаллу фасл шудаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад.
Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад.
Соли гузашта бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуд, ки он талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Масалан, солҳои қаблӣ то 20 фоизи довталабон ва падару модарони онҳо аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ шикоят мекарданд, вале соли гузашта аз 52 ҳазор нафар довталабон танҳо 400 нафар шикоят намуданд, ки ин рақам ҳатто як фоизро ҳам ташкил намедиҳад.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон намоям. Падару модарон бояд на дар як рӯзи имтиҳон, балки аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расидани ӯ шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимашро таъмин намоянд ва завқи ӯро барои интихоби дурусти касб бедор созанд. Вале, мутаассифона, то ба имрӯз аксари падару модарон баъди ёздаҳ сол, яъне танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин воқеиятест, ки бояд ҳатман ислоҳ гардад.
Имтиҳоноти тестӣ инчунин то андозае сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муайян намуданд. Баробари ин, маълум гардид, ки дар ин зинаи таҳсилот таълими фанҳои табииву риёзӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони Вазорати маориф ва илм, роҳбарону масъулони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки доир ба ин масъала чораҳои муассир андешанд ва ба хонандагон дар бобати интихоби дурусти касбу ҳунар, аз ҷумла ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникиву технологӣ, ки барои иқтисоди миллии мо хеле муҳиманд, ёрии амалӣ расонанд.
Илова бар ин, роҳбарону масъулони Маркази миллии тестӣ ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки камбудиву норасоиҳои соли қаблиро бартараф карда, дар ҳар як мактаби таҳсилоти умумӣ бо ҳар яке аз хатмкунандагон ва падару модарони онҳо машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил намоянд, масъалаҳои марбут ба ин низомро омӯзонанд ва минбаъд дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ сифати имтиҳоноти тестиро беҳтар гардонанд. Ҳоло дар мактабҳои миёнаи кишвар як миллиону 750 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд ва ҳар сол қариб 110-112 ҳазор нафар мактабро хатм мекунанд.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади пурра ба таълим фаро гирифтани духтарону писарон масъалаҳои гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсилот, аз нуҳсола ба даҳсола гузаронидани таҳсилоти асосӣ, ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ табдил додани муассисаҳои ибтидоӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пурра татбиқ гардидани низоми маблағгузории сарикасӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки бояд дар оянда амалӣ карда шаванд.
Дар ин ҷо бори дигар хотирнишон месозам, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.
Бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диҳанд. Ҳамчунин, ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ грантҳои хурд ҷудо карда шаванд.
Дар баробари ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки то соли 2018 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ пурра таъмин карда, ба Ҳукумат ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони дигар соҳаҳо пешниҳод манзур намоянд.
Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Масъалаҳои таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон тавассути як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба танзим дароварда шудаанд. Вале то ба ҳол механизми дурусти татбиқи он муайян нагардидааст.
Бинобар ин, ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо ин сохтори навтаъсис татбиқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таълиму тарбияи кӯдак пурра ва ҳаматарафа таъмин намоянд. Инчунин, бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Ҷараёни татбиқи барнома ва нақшаҳое, ки доир ба рушди илм қабул шудаанд, зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин самт то имрӯз тадбирҳои зиёде амалӣ гардида, таҷдиди сохтории Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ бомаром амалӣ шуда истодааст.
Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мондаанд. Ҳамчунин, омода намудани кадрҳои ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмиву роҳбарӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Дар баробари ин, Академияи илмҳо бояд ҳамкории парки технологӣ ва инноватсиониро бо паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вусъат бахшида, ҷиҳати аз соли равон дар истеҳсолот ба роҳ мондани дастовардҳои инноватсионӣ тадбирҳо андешад.
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориро бо Академияи илмҳо тақвият бахшида, ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба ин, як масъаларо хотирнишон кардан мехоҳам, ки имрӯз баробари донишмандони муътабари мо олимону муҳаққиқон ва таҳлилгарони ҷавон, яъне насли зиёиёни давраи истиқлол ба воя расидаанд ва мо аз онҳо умеди зиёд дорем.
Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос мебошад. Зеро доир ба ин масъала андешаву таҳқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд. Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин, барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад.
Чораҳои зикршуда, аз ҷумла ворид намудани таҷҳизоти муосир ва технологияҳои замонавӣ боиси беҳтар шудани сифати ташхис, муоина ва табобати беморон гардиданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ба кишварҳои хориҷӣ барои табобат рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад.
Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд. Умуман, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Ҳамчунин, тақвият бахшидани имкониятҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд таҳти назорати доимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дода шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумат дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд. Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона мавҷуданд. Инчунин таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва амсоли инҳо ҳалли саривақтии худро талаб менамоянд.
Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянд, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд.
Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати инкишофи ин санъати муҳим иҷрои барномаи давлатии рушди кинои тоҷикро таҳлил карда, минбаъд ҳамасола барои эҷоду наворбардории филмҳои нав ва тайёр кардани мутахассисони соҳа маблағҳои махсус пешбинӣ намояд. Илова бар ин, доир ба ҳалли саривақтии масоилу мушкилоти соҳа ва рушди он, интихобу ҷобаҷогузории барномаҳо зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдор ва мутахассисон комиссияи давлатӣ таъсис дода шавад.
Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин фарогирии занону ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд. Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд. Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Қисме бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд.
Барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти зикршудаи варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда шаванд.
Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.
Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем. Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.
Бемории масунияти норасоии одам бемории шадид буда, имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон дар сайёра гаштааст. Бори аввал ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд. Гирифторони он дар кишвар имрӯз беш аз шашуним ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддии Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа мебошад. Пешгирии ин беморӣ бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд. Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд. Ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Мо ҳама - падару модарон, бародарону хоҳарон ва дӯстон оилаҳои ҷавонро доимо дуои нек мекунем, ки саломат бошанд, хушбахт шаванд, умри дарозу бобаракат бинанд, соҳиби фарзанд ва набераву абера гарданд. Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад.
Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад.
Ҳамватанони азиз!
Якуми марти соли ҷорӣ дар кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо баргузор мегардад.
Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад.
Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд. Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.
Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мақомоти қонунгузори кишвар – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом медиҳанд ва қобили зикр аст, ки фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар панҷ соли охир хеле назаррас буд.
Дар баробари ин, мехоҳам ба ҳамаи вакилоне, ки тайи панҷ сол дар Маҷлиси Олӣ заҳмат кашида, дар қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ фаъолона иштирок намуданд, изҳори сипос намоям.
Умед аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони тозаинтихоб боз ҳам густариш дода мешавад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем.
Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ва ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, бунёди иншооти сарҳадӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Ҷиҳати пешгирии паҳн намудани намудҳои нави воситаҳои нашъадор, такмили усулҳои мубориза дар ин самт, тарзи офиятбахшии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, таҳкими ташаккули афкори ҷомеа бар зидди воситаҳои нашъадор ва умуман пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин хатари марговар ба мақсад мувофиқ аст, ки қонунгузорӣ дар соҳаи назорат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии чунин воситаҳо бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таҷдиди назар карда шавад. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ, махсусан бо кишвари ҳамсоя - Афғонистон дар самти таъмини амният дар хати сарҳади миёни ду давлат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор густариш дода шавад.
Дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ба ин мақсад бояд сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохтору мақомоти низомӣ, инчунин тайёрии касбии кормандони мақомоти мазкур бояд бо дарназардошти талаботи замони муосир ва вазъи ҷаҳони имрӯза баланд бардошта шавад.
Мо дар паёмҳои гузашта ва дар дигар мулоқоту чорабиниҳо доим хотирнишон месозем, ки кирдорҳои коррупсиониро маҳкум мекунем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат мешуморем.
Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад ва ин нуктаро ман борҳо изҳор намудаам. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид.
Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ман дар паёмҳои пешина ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои худ дар якчанд маросиму мулоқотҳо оид ба масоили байналмилалӣ ибрози назар карда, вазифаву ҳадафҳои сиёсати хориҷии кишварро муфассал шарҳ дода будам. Ҳоло мехостам таъкид намоям, ки то имрӯз усулу асосҳо ва афзалиятҳои ин сиёсат, ки аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, амнияту суботи ҷомеа ва таъмини рушди Тоҷикистон иборатанд, тағйир наёфтаанд.
Муҳтаво ва ҳадафҳои сиёсати дарҳои кушода, ки бо амалӣ намудани он сарзамини мо сафи дӯстони худро пайваста зиёд намудааст, ҳамоно мисли пештара боқӣ хоҳанд монд ва барои тақвияти равобити Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё хизмат хоҳанд кард.
Имрӯз ҳамаи шумо огоҳед, ки соли сипаришуда ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд. Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд.
Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.
Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувватгирифтаистодаи сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад.
Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намояд ва ҷиҳати ҳамкории ҳамаи неруҳои солими башарият хизмат кунад.
Бинобар ин, мо бояд тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем, ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад. Вале чунин ба назар мерасад, ки “сиёсати дугона”, шиддати бесобиқаи муборизаи геосиёсӣ, бахусус барои дастёбӣ ба захираҳои ҳаётиву стратегӣ ва таъмини назорат аз болои минтақаҳои муҳими геостратегӣ падидаи аз ҳама хатарноки солҳои охир мебошад.
Мо чунин мешуморем, ки бо талоши якҷоя ва дастаҷамъона эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалист. Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Аз ин рӯ, мо мисли пештара тамоми саъю талоши хешро ба харҷ хоҳем дод, то минтақаи мо қаламрави дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамёриву кумаки байниҳамдигарӣ бошад. Дар ин росто, такя ба тадбирҳои дастаҷамъӣ ва ҳамкории муассир бо шарикони стратегии санҷидаву боэътимод мисли пештара мазмуни асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил хоҳад дод.
Робитаҳои муассир ва созанда бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ, ки мо тӯли солҳои истиқлолият бо онҳо ҳамеша ҳамкориҳои судманд доштем, ба таври устувор идома хоҳанд ёфт. Дар ин чаҳорчӯба мо минбаъд низ бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об нақши пешбарандаи Тоҷикистонро оид ба ин масъалаҳо дар арсаи байналмилалӣ тақвият хоҳем бахшид. Бинобар ин, кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи қаблӣ ният дорад, ки ба мақсади арзёбии фарогири раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, имсол тибқи қарори нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро доир намояд. Мақсад аз он баррасии мушкилоти глобалии нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра, андешидани чораҳои зарурӣ дар ҷавоби он, таъкиди зарурат ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об буда, ба хотири рушди устувори кишварҳои минтақа ва ояндаи неки мардумони он доир карда мешавад.
Бо зикри ҳамаи ин афзалиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ мо набояд фаромӯш кунем, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муассир ва тавсеаи доираи онҳо бо кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Афғонистон, дорои аҳамияти хоса мебошад.
Мантиқист, ки дар шароити ба вуҷуд омадани воқеияти нав, яъне баъди хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз сарзамини ин кишвари дӯсту бародари мо робитаҳоямон бояд дар ҳамаи бахшҳо вусъати тоза пайдо намоянд, зеро тавре, ки медонем, масъалаҳои суботу амнияти Афғонистон ва вазъи эмину осоишта дар Осиёи Марказӣ бо якдигар сахт алоқаманданд. Ба таври хулоса, сиёсати хориҷии кишвар мисли анъана бояд бо дарназардошти манфиатҳои олии миллӣ татбиқ карда шавад, ки он, дар ниҳояти амр, ба пешрафту ободии сарзамини азизи мо ва мардуми шарифи он равона гаштааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Вазифаҳое, ки дар Паёми имрӯза ба мақоми олии қонунгузори кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ гузошта шуданд, танҳо бо такя ба неруи созандаи мардуми Тоҷикистон ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо амалӣ хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, вазифаҳои соли ҷорӣ моро водор мекунанд, ки ҷиҳати дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла таҳти назорати доимӣ қарор додани вазъи молиявӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳарчи бештар таъмин кардани аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум, инчунин доир ба пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир чораҳои мушаххасу саривақтӣ андешем. Бовар дорам, ки мо якҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талоши бештар намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ мекунем. Итминон дорам, ки вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, бонувони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳар як фарди меҳандӯсти кишвар ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат мекунанд ва бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд. Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.
Мо медонем, ки дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти халқамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Лекин ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам месозем. Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.
Дар раванди созандагии Ватан ва таҳкими иқтидору обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сиҳатмандӣ ва барору комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.15    №: 17    Мутолиа карданд: 15991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед