мулоқотҳо
Вохӯрии даҳуми
Эмомалӣ Раҳмон бо элитаи зеҳнии ҷомеа
20 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ, ки баъди тармиму таҷдид хеле ободу зебо ва бо шароитҳои хуби корию эҷодӣ муҷаҳҳаз гаштааст, бо намояндагони сершумори аҳли зиёи кишвар мулоқот намуд.
Қабл аз оғози мулоқот Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо кори тарроҳону сохтмончиён, ки муддати тӯлонӣ ин бинои дорои аҳамияти калони фарҳангию таърихиро тармиму таҷдид намудаанд, аз наздик шинос шуда, дар маҷмӯъ аз натиҷаи фаъолияташон изҳори қаноатмандӣ кард.
Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ бо қадршиносӣ зикр гардид, ки ин бино аз давраи бунёд ёфтанаш бори аввал мавриди чунин тармиму таҷдиди куллӣ қарор гирифт ва зимни он аз беруни бино сар карда, то тамоми толору гузаргоҳҳо ва ҳар як утоқи корӣ ободу зебо ва муҷаҳҳазу мураттаб гашт. Дар ин муддат ҳамчунин асбобҳои зиёди мусиқӣ ва либосҳои театрӣ низ харидорӣ шудаанд. Ҳамзамон бо ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зеботар кардани тарҳу симои бино ва беҳтар намудани шароити корию эҷодии ҳунармандони театр ба масъулин як қатор дастуру ҳидоятҳои иловагӣ дод. Дар оғози мулоқот бо зиёиёни кишвар Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва аҳли толорро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро “элитаи зеҳнии ҷомеа” арзёбӣ карда, хотиррасон намуд, ки ин вохӯрии даҳуми ӯ бо намояндагони онҳост.
Зимни суханронӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳифзи асолат ва покии забону фарҳанги миллати тоҷик зоҳир намуда, баҳри пурсамар амалӣ намудани ин ҳадафи воло як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.
Аз ҷумла пешниҳод карда шуд:
- лоиҳаи нави қонуни забон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад;
- маҷаллаи илмии забоншиносӣ таъсис ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шавад;
- тарҷума ва нашри асарҳои адибону олимони гузашта ва муосири тоҷик бо забонҳои хориҷӣ вусъат ёбад;
- дар радифи таълими забонҳои хориҷӣ раванди омӯзиши хати ниёгон низ суръату сифати тоза пайдо намояд;
- Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои ба феҳристи ҷашнҳои ин созмони бонуфуз ворид намудани 100-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад;
- барои ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамроҳ намудани ёдгориҳои нодири Тоҷикистон, ба монанди Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Тахти сангин, Қалъаи Ҳисор, Хоҷа Машҳад ва ғайра кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шавад;
- Донишгоҳи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ва яке аз хиёбонҳои пойтахт ба номи Ҷалол Икромӣ номгузорӣ шаванд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «зиёӣ ин шӯълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд».
Бо чунин баҳогузорӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли зиёи кишварро даъват намуд, ки «чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд ва рисолати таърихии худро чун хазинаи тиллоии миллат ва гули сари сабади ҷомеа бо сарбаландӣ адо намоянд». Баъди анҷоми суханронӣ чун анъана миёни Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт.
Саволҳо аз ҷониби адибону олимони шинохтаи тоҷик, ҳунармандону рӯзноманигорон ва умуман намояндагони гуногуни аҳли зиё, аз ҷумла Сорбон, Атахон Сайфуллоев, Саъдулло Раҳимов, Саттор Турсун, Қурбоналӣ Раҳмонов, шоираҳои ҷавон Раънои Муборизу Рӯдобаи Мукаррам ва ҳамчунин Нурмуҳаммади Амиршоӣ, Зафари Сӯфӣ, Имомназар Келдӣ, Хуршеда Атахонова, Ато Ҳамдам, Ҳақназар Ғойиб, Шамсиддин Собиров, Акбар Ҷӯраев, Ҳикматулло Қудратов ва дигарон дода шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори намояндагони аҳли зиё, аз ҷумла оид ба тарғиби бештари шеъру адаби муосир, чопи китобҳо, қадрдонӣ аз классикони адабиёти тоҷик, афзун намудани таваҷҷӯҳ ба фарҳанг ва синамо, беҳдошти симои эстетикии пойтахт, омӯзиши алифбои ниёгон дар мактабҳои ҳамагонӣ, таълиму тарбияи махсуси хонандагони хушзеҳн, ҷашни 50 - солагии телевизиони тоҷик, чопи асарҳои оҳангсозон ва ғайра посухҳои мушаххас дода, ба масъулин дастур дод, ки баҳри иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзишу татбиқи амалии пешниҳоду дархостҳои муфиди дар ин мулоқот баёнгашта, нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд.
Дар охир ба аҳли толор аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ як намоиши бошукӯҳи идона пешкаш шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2119