маориф
ДОВТАЛАБОНИ БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮ ШУДАНД
- Омӯзгорони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, зимни вохӯриҳо ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсус оид ба бартариҳои шакли нави имтиҳонсупорӣ ва шарту шароити таҳсил маълумоти муфассал доданд. Дар натиҷа беш аз 18 ҳазор довталаб ҳангоми бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ Донишкадаи молия ва иқтисодро интихоб намуданд, ки ин дар миёни 30 мактаби олии кишвар нишондоди 7-умин аст. Тибқи замимаи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълим дар соли таҳсили 2014-2015 ба гурӯҳҳои буҷавӣ бояд 469 ва шартномавӣ 1030 нафар қабул мешуд. Аммо ин муқаррарот барои гурӯҳҳои буҷавӣ 94,5 ва шартномавӣ 80 фоиз иҷро шуда, ба донишкада зарари молиявӣ расид, - гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисод Ашӯрбой Солиев. – Барои ислоҳи ин вазъ то соли нави таҳсил раёсати донишкада мутобиқи нақшаи иловагӣ чораву тадбирҳо меандешад.
Ба андешаи Ашӯрбой Солиев имтиҳоноти мутамарказонида дар Маркази миллии тестӣ агарчи таҷрибаи нав буда, аз камбудӣ орӣ нест, муҷиби дастгирист. Зеро ҳадафи асосии он пешгирии фасод дар соҳаи маориф, ҷалби довталабони босавод ба мактабҳои олӣ мебошад. Устодону омӯзгорони донишкада аз он пурра ҷонибдорӣ мекунанд.
Э. НАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.15 №: 18 Мутолиа карданд: 5569