маориф
8 МАГИСТРИ ДОНИШГОҲ ХОРИҶИСТ
Натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар соли 2014 бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов, мудирони бахш ва доираи васеи рӯзноманигорон ҷамъбаст гардид.
Дар донишгоҳ донишҷӯён аз рӯи 72 ихтисос илм меомӯзанд, ба онҳо 862 нафар устодони соҳибтаҷриба дарс медиҳанд. Теъдоди умумии донишҷӯён 15528 нафар аст.
Дар донишгоҳ 113 донишҷӯи хориҷӣ аз Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Туркия таҳсил менамояд. 8 нафари онҳо магистр мебошанд. Бори аввал магистр аз Италия низ қабул шуд.
Ректор аз нарасидани хобгоҳҳо ва синфхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.15 №: 20 Мутолиа карданд: 5447