барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд
28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат!
Мояи сарфарозии инҷониб аст, ки ба муносибати байъ-ат ба Шумо ба ҳайси Подшоҳи Арабистони Саудӣ табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини худро арз намоям. Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад.
Бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям.
Эҳтирому сипоси моро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.15 №: 20 Мутолиа карданд: 3360