энергетика
2015 – «СОЛИ ҲИСОБКУНАКҲОИ БАРҚӢ» ЭЪЛОН ШУД
- Дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13 миллиарду 757 миллион кВт - соат баробар шуд. Истеҳсоли гармӣ бошад, дар ин давра 117.2 ҳазор Гкалро ташкил дод, - гуфт Рустам Раҳматзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ.
Яке аз масъалаҳое, ки дар рафти нишаст мавриди баҳс қарор гирифт, талафоти неруи барқ буд. Масъулони соҳа омилҳои асосии ба вуҷуд омадани талафотро дар фарсуда будани таҷҳизоти зеристгоҳҳои аз солҳои 60 – уми асри гузашта боқимонда ва набудани ҳисобкунакҳои барқӣ медонанд.
- Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 222 ҳазор муштарӣ ҳисобкунаки барқӣ надорад, ки ин нишондод 10 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Талафот 17,2 фоиз, яъне 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ мебошад, - иброз намуд Рустам Раҳматзода ва афзуд, ки дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз масъалаҳои зикршуда нигаронӣ намуда, тавсияи ҳарчи зудтар бартараф намудани ин мушкилотро доданд. Аз ин ҷост, ки масъулони «Барқи тоҷик» соли 2015 - ро соли «Ҳисобкунакҳои барқӣ» эълон карданд, ки ҳадаф аз ин иқдом паст кардани талафоти неруи барқ ва таъмини пураи аҳолӣ бо ҳисобкунакҳои барқист.
Зикр бояд кард, ки ҳамасола беш аз 100 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ аз санҷиши озмоишгоҳи махсуси ширкат мегузарад, зеро ҳангоми хизмати чандсола онҳо фарсуда гашта, аз нав ба таъмир эҳтиёҷ доранд.
О. ГУЛБЕРДИЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.15 №: 21 Мутолиа карданд: 15052