logo

мулоқотҳо

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ

Тоҷикистону Русия ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, таҳкими марз бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ иқдомоти тозаеро рӯи даст мегиранд.

Мавзӯи густариши ҳамкории низомӣ байни ду давлат, рӯзи 28 январ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия, баррасӣ шуд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ зимни суҳбат «таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ин самт ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабулшуда зоҳир гардид». Сарвари давлат таъкид намудааст, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда, бояд пурра ва сари вақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.
Анатолий Антонов баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ  Раҳмон натиҷаи суҳбаташ бо Сарвари давлатро фарогир ва судманду пурарзиш унвон кард. Ӯ аз таваҷҷуҳи хосаи Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ҳамкориҳои низомӣ қадрдонӣ карда, итминон дод, ки робитаҳо дар ин самт сатҳу сифати нав касб хоҳанд кард.
Муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия изҳор дошт, ки вазъи феълии минтақа ва ҷаҳон, авзои кунуниву дурнамои Афғонистон ва муқобилаи муштарак бо ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус дар пасманзари хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон мавзӯи меҳварии суҳбати мо буд.
- Вақт моро интизор намешавад, бояд фаврӣ амал кард. Яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия мусоидат ба ҳарчи зудтар дастрас намудани ёриҳои низомие, ки дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳосил шудаанд, мебошад. Мо ба ин назарем, ки ироаи кумакҳои техникию низомӣ ба неруҳои низомии Тоҷикистон на танҳо амнияти ин кишвар, балки тамоми давлатҳои узви СААД – ро таъмин хоҳад кард, - гуфт Анатолий Антонов.
Дар ин мулоқоти судманд, ҳамчунин перомуни шароити буду бош ва дурнамои фаъолияти пойгоҳи низомии 201 - и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гуфтугӯ сурат гирифт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.15    №: 21    Мутолиа карданд: 2372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед