маориф
ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ НИЗ БА НИЗОМИ ТАЪЛИМОТИ КРЕДИТӢ ГУЗАШТ
- Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар доираи вусъати рушди таълиму тарбия масъалаи ҷалби мутахассисони варзида ва ҷобаҷогузории ҳайати омӯзгорони соҳибмалакаву таҷрибадорро вазифаи асосии худ дониста, дар ин самт низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст, - гуфт зимни гузориш муовини ректори донишкадаи мазкур Лутфулло Сафаров. - Баъд аз ҷамъбасти хулосаи комиссия оид ба гузаронидан, барқароркунӣ ва интиқол 1940 нафар ба унвони донишҷӯи донишкада сазовор гардиданд, ки 408 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Соли таҳсили 2014-2015 ҳамаи ихтисосҳо аз низоми таълими маъмулӣ ба таълимоти кредитӣ гузаронида шуданд. Дар имтиҳонҳои нимсолаи аввали таҳсил аз 1383 нафар имтиҳонсупоранда 34 нафар бо сабабҳои гуногун ба имтиҳонот роҳ дода нашуданд. 22 фоизи донишҷӯён имтиҳонотро бо баҳои «аъло» ва 32 фоиз бо баҳои «хуб» супориданд.
Л. Сафаров ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои қаноатбахш дода, аз ҷумла гуфт, ки Донишкадаи исломӣ дар баробари дигар макотиби олии кишвар қабули довталабонро бо пешниҳоди Маркази миллии тестӣ ба роҳ монд. Натиҷа он шуд, ки аз 500 довталаби нақшавӣ 346 нафар ба сафи муҳассилони донишкада қабул гардид.
Э. НАЗАРИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.15 №: 22 Мутолиа карданд: 5589