маориф
ФИЛИАЛ ҲУҚУҚИ ДОДАНИ ДИПЛОМИ ДАВЛАТИРО ПАЙДО НАМУД
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Абдуҳамид Низомов иттилоъ дод, ки тайёр кардани мутахассисон дар муассисаи номбурда соли 2014 аз рӯйи меъёрҳои таълимии навтарин ба роҳ монда шуд. Дар моҳи май ҳамаи барномаҳои таълимӣ аз аккредитатсия гузашта, экспертизаи мундариҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони филиал сурат гирифт. Аз рӯйи натиҷаи кори комиссия филиал ба дараҷаи донишгоҳ мувофиқ будани худро тасдиқ намуда, ба ҳуқуқи додани дипломи давлатӣ аз рӯйи 5 барномаи таҳсилоти олии касбӣ соҳиб гардид. 40 фоизи хатмкардагони соли 2014 таҳсилашонро дар зинаи дуюми таълим – магистратура идома доданд.
Бинобар гузориши А. Низомов, устодони филиал соли рафта 2 монография, 15 мақолаи илмӣ, 11 фишурдаи баромадҳо, 3 китоби дарсӣ ва матолиби таълимию методиро ба табъ расонданд. Матолиби таълимии «Атласи муноқишаҳои байналмилалии асри XXI», ки аз тарафи донишҷӯёни равияи «Муносибатҳои байналмилалӣ» таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи давлатии Москва, Корманди шоистаи мактаби олии Федератсияи Русия И. Ф. Кефели таҳияву нашр шуд, дар донишгоҳ баҳои баланд гирифт.
Дар охир А. Низомов зикр намуд, ки баргузории нишастҳои матбуотӣ ба инъикоси бисёр масъалаҳои таҳсил дар муассисаи номбурда мусоидати созанда дорад.
- Таваҷҷуҳи воситаи ахбори омма ба фаъолияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва бештар мешавад. Аз ин рӯ, устодону омӯзгорони мо омода ҳастанд бо рӯзноманигорон ҳамкории густурда намоянд, - иброз намуд ӯ.
Э. НАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.15 №: 22 Мутолиа карданд: 5495