маориф
ОМӮЗГОРИ ЧИНӢ РОЙГОН ДАРС МЕДИҲАД
Ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Иномҷон Аминов дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба 4500 ҳазор нафар донишҷӯён 210 нафар устодони соҳибтаҷриба дарс медиҳанд.
Робитаҳои байналмилалӣ хеле хуб роҳандозӣ гардидаанд. Айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 500 компютер бо шабакаи баландсуръати Интернет пайваст аст. Дар маркази таълимии донишкада омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Донишҷӯёни 11 гурӯҳ бо забони англисӣ дарс мехонанд. Аз соли ҷорӣ омӯзиши забони чиноӣ низ ба роҳ монда шуда, онро ба донишҷӯён ва инчунин омӯзгорон устоди варзида аз Маркази Конфутсии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй се сол ба таври ройгон меомӯзонад.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.2015 №: 24 Мутолиа карданд: 1428