logo

муҳоҷират

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРАТ НОГУЗИР АСТ

То нимаи дуюми моҳи декабри соли 2014 муҳоҷирони кории зиёди тоҷик бо сабабҳои гуногун аз будубош ва идомаи фаъолият дар Федератсияи Русия маҳрум мегардиданд. Худ бехабар, дар шиносномаашон ба муҳлати 5 сол муҳр мезаданд ва онҳо ҳаққи бозгашт ба Русияро надоштанд. Инро мо як навъ фишори мақомоти ин кишвар нисбат ба муҳоҷирон мегуфтем. Вале дар гӯшаи хаёл надоштем, ки ин шурӯи кор будааст. 17 декабр вакилони палатаи поёнии порлумони ин мамлакат барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират қонунеро ба тасвиб расонданд, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷие, ки муқаррароти ин қонунро сарфи назар менамоянд, дар ҳоли бештар аз 9 моҳ бе санади даркорӣ дар ҳудуди Русия будан, ба муддати 10 сол аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Роҳи дигар нест. Гузашта аз ин, буҳрон дар ин мамлакат, ки қурби рублро сахт коҳиш дод, барои муҳоҷирон мушкили дигар эҷод намуд. Акнун онҳо на танҳо барои хонаводаҳояшон маблағи зарурӣ фиристода наметавонанд, балки дар таъмини ғизову иҷорапулӣ ва зисти худ мушкилӣ мекашанд.
Ба иттилои Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, то охири моҳи сентябри соли 2014 шумори муҳоҷирони аз ҳаққи сафар маҳрумшудаи тоҷик ба беш аз 200 ҳазор расида аст. Инчунин, Имомуддин Сатторов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, шумораи хориҷшудаҳоро то охири соли 2014 аз ҳудуди ин мамлакат то 300 ҳазор пешгӯӣ карда буд.
Чанде пеш як корманди масъули Созмони ҷаҳонии кор дар Душанбе дар пасманзари сахт коҳиш ёфтани қурби рубли Русия изҳор дошт, ки бояд Тоҷикистон ба авҷи бозгашти муҳоҷирон омода бошад. Пешниҳод шуда буд, ки дар ҳолати ин буҳрон рух додан ҳадди ақал мақомоти масъул барои муваққатан қабул ва таъмин кардани муҳоҷирон бо ягон шуғл чораҳо андешанд. Ҳукумат барои ҷалби онҳо барнома таҳия намуда, бонкҳо ба муҳоҷирони  ба соҳибкорӣ ҳавасманд буда қарзи камфоиз диҳанд. Ҳадди ақал онҳо то 6 моҳ бо кор таъмин гарданд. Ин ҳолат нақшаҳои муҳоҷиронро барбод додааст. Дигар онҳо аз заҳмати худ фоида гирифта, ба аҳли оила маблағ ирсол карданашон дар гумон мебошад. Ду роҳ доранд – ё барои таъминоти худ меҳнат мекунанд ё тарки Русия менамоянд.
Ба қавли Абдулло Қодирӣ, сардори дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, муҳоҷирон ба онҳо муроҷиат карда, аз шароиту имкони сафар ба мамлакатҳои арабӣ мепурсанд. Вале ҳоло муҳоҷирони мо барои ба ин кишварҳо рафтан омода нестанд. – Аммо, новобаста ба ин ҳолат, дар ҷустуҷӯи бозори иловагӣ ҳастем, - мегӯяд ӯ. – Махсусан ба Арабистони Саудӣ ва Қатар, ки ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар соли 2020 омодагӣ мебинанд, лоиҳаи ёддошти тафоҳумро омода кардаем. Ҳамчунин бо Куриёи Ҷанубӣ як санади дигар омода шудааст. Мутаассифона, имрӯз шаҳрвандони мо бо сабаби надонистани забону номгӯи ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнати кишварҳои аврупову арабӣ ҷавобгӯ нестанд.
Имрӯз мушкилоти муҳоҷирони корӣ аз зарурат кайҳо гузашта ба як қазияи доғи рӯз табдил ёфтааст. Коҳишёбии қурби рубл идома дошта, тибқи назари коршиносон он дар соли 2014 нисбат ба доллар 41 дарсад поин рафтааст. Ва фардо чи рух доданро касе пешгӯӣ карда наметавонад. Таҳлилгарон ба он назаранд, ки буҳрон дар Русия 2 – 3 сол идома меёбад. Аз ин хотир, бояд ҳар чи зудтар бо мамлакатҳои ба қувваи корӣ ниёздошта гуфтушунид анҷом дода, муҳоҷирони аз Русия хориҷгардидаро ба ин кишварҳо фиристем. Ва дар қадами аввал мардикорон метавонанд бо истифода аз тарҷумон фаъолият кунанд.
Ҳоло кишварҳои мутараққӣ барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирон роҳи дигарро пеш гирифтаанд. Онҳо мунтазири омадани муҳоҷирони соҳибихтисос нашуда, худ ба мамлакатҳои қувваи кории арзондошта мутахассисонашонро фиристода, дар он кишварҳо соҳибкасбонро омода намуда, бо шартномаи дутарафа ба кор қабул мекунанд. Чунончи, чунин як иқдомро Ҳукумати Олмон дар кишвари Филиппин роҳандозӣ намуда, барои истеҳсолоти худ мутахассис пайдо менамояд. Муҳоҷирон, ки бо шартнома фаъолият мекунанд, кору будубоши онҳо дар ин мамлакат кафолати ҳуқуқӣ дорад.
Муҳоҷирати корӣ мушкилоти зиёд дорад. Яке аз онҳо, ки ҷомеа ва Ҳукумат сари он бояд андеша ва амал кунад, ин аз оилаи худ дасту дил шустани мардон ва ҳиҷрати бонувон ба хориҷи кишвар аст. Имрӯз теъдоди бонувони корҷӯ қариб ба 200 ҳазор нафар мерасад. Даҳ – дувоздаҳ ҳазор мард бо занҳои рус оила барпо карда, зану фарзандони худро фаромӯш кардаанд. Дар ин ҷо умри завҷаҳояшон хазон мегардаду фарзандон бе падар  «раҳрезу порез» мешаванд. Кӯдакон аз камназоратӣ ба корҳои ношоиста даст зада, дар ниҳоят ҷиноят содир мекунанд.
Модарон низ аз танқисии рӯзгор фарзандони худро «партофта» рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Бояд роҳи ҳалли ин масъаларо ёфт, то ҳар сол сафи ҷинояткорони ноболиғ дар кишвар афзун нагардад. Соли 2014 аз 1 ҳазору 399 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда аксариятро фарзандони модароне ташкил медиҳанд, ки бачаҳои худро ба парастории хешу ақрабо додаанд.
Ҳоло ҳадс мезанем, ки дар ҷумҳурӣ хона – интернатҳо зиёд шудаанд. Вале барои ягон давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бештар гардидани ин гуна маконҳои зисту парасторӣ боиси фахр нест. Бояд ин гуна хонаҳо умуман набошанд ё агар бошанд ҳам, ангуштшумор. Чунки сад хонаи озодаю мунаққаш бо ҳама шарту шароиту хизматгорон ҷойи як нигоҳи гарму ширин ва оғӯши пур аз меҳру муҳаббати падару модарро гирифта наметавонад.
Имрӯз барои ҳама ашхоси бекор, аз ҷумла муҳоҷирони хориҷшуда ва бонувон бояд ҷойи кор муҳайё намоем. Корхонаҳои саноатии хурду бузург созем. Бояд барномаҳоеро дар амал роҳандозӣ кунем, ки мақсадашон рушди саноату кишоварзӣ, ба кор ҷалб намудани сокинони мамлакат бошад.

У. МУРОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2015    №: 26-27    Мутолиа карданд: 27914
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед