logo

порлумон

ОМОДАГӢ БАРОИ МУҚОБИЛА БО ХАТАРҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Конвенсия оид ба имтиёз ва масунияти муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Давлатзода Парвиз, муовини вазири корҳои хориҷӣ, зимни баррасии конвенсияи мазкур иброз дошт, ки он 21 ноябри соли 1947 аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муассисаҳои махсус қабул гардидааст. Назар ба гуфтаи ӯ, зарурати ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин конвенсия бо фаъолгардии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои махсус ва таъсис ёфтани дафтарҳои онҳо дар Тоҷикистон асоснок мешавад.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти таҷассуси байниидоравии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти таъмини амнияти шаҳрвандон ва ба ватан баргардондани идае аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби ғайрирасмӣ таълим мегирифтанд, дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва  экстремизм дастгир ва баргардондани шаҳрвандони тоҷик, ки ба сафи созмону ҳаракатҳои террористии воқеъ дар Афғонистон дохил шуда, мақсади дар Тоҷикистон анҷом додани тахрибкориро доштанд, ба анҷом расид. Боздошти муовини  роҳбари ҷамоати террористии «Ансоруллоҳ» Қамариддин Аҳроров бо чор нафар пайравонаш ва як нафар аз роҳбарони Ҳаракати толибон Қамариддин Ҳабибов бо ёрии онҳо сурат гирифт.
Зикр гардид, ки вазъияти мураккаби сиёсӣ, амниятӣ дар Шарқи Наздик, Афғонистон ва Покистон, пурзӯр гардидани фаъолияти тахрибгаронаи созмону ҳаракатҳои террористӣ дар ин кишварҳо, аз ҷумла зиёд гардидани нуфузи террористони ҳаракати толибон ва «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ки фаъолияти он дар доираи талаботи ҳамин созишнома ба роҳ монда мешавад, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2015    №: 26-27    Мутолиа карданд: 1400
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед