мулоқотҳо
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАР СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРОҶ КУМАР ҶҲА
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 феврал директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳаро ба ҳузур пазируфт.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мулоқоти Сарвари давлат бо Сароҷ Кумар Ҷҳа иттилоъ медиҳад, ки гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт. Бино ба гузориши манбаъ, зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он изҳори қаноат шудааст. Дар гузориши Хадамоти матбуот гуфта мешавад: «Бо баҳодиҳии мусбӣ ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ба назар мерасад, ҳамзамон таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои муассири зиддибуҳронӣ пешбинӣ мешаванд».
Сароҷ Кумар Ҷҳа, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, баъд аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки муҳимтарин масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ меҳвари суҳбати мо буд.
Номбурда зикр намуд, ки феълан дар Тоҷикистон 12 тарҳи инвеститсионӣ бо маблағҳои имтиёзии Бонки ҷаҳонӣ, ки 185,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд, мавриди татбиқ қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи Сароҷ Кумар Ҷҳа, қарор аст то анҷоми нимсолаи аввали соли 2015 боз 100 миллион доллар грант ва қарзи имтиёзӣ ба манзури дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо аз ҷониби ин ниҳоди бонуфузи молӣ ихтисос дода шавад.
Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ итминон дод, ки ин ниҳоди молиявӣ Тоҷикистонро минбаъд низ дар самти рушди босуботи иқтисодӣ дастгирӣ намуда, ҳамчунин дар доираи имконоти худ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.02.2015 №: 26-27 Мутолиа карданд: 1423