logo

маориф

КОМЁБИҲОИ ГИМНАЗИЯ АФЗУН МЕШАВАД

 

Гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазл Балъамӣ дар тӯли ҳафт соли фаъолият  даҳҳо шогирдонро тарбия намуд.

Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат ва боздид аз муассисаи таълимии мазкур  дар пешрафти сифати таълиму тарбияи насли наврас такони бузурге бахшид. Ҷаноби Олӣ аснои боздид бо муҳассилон ва омӯзгорон суҳбатҳо анҷом дода, баҳри беҳбудии кори пуршараф дастуру  ҳидоятҳои судманд дод. Дар натиҷа бинои таълимӣ пурра навсозӣ гардида, қабати сеюми бино сохта шуд. Ин имконият фароҳам овард, ки теъдоди синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории озмоишгоҳҳо зиёд шавад. Дар ҳамин замина, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ ба фаъолият пардохтанд. Ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои хонандагону омӯзгорон, толори хурди варзишӣ, қироатхона, толори маҷлисҳо, ҳуҷраҳои алоҳида барои мубоҳиса сатҳи донишандӯзии шогирдонро боло бардошт.
Хатмкунандагони гимназия ҳамасола дар ҳудуди 90 – 100  фоиз ба макотиби олии кишвар ва хориҷи он дохил мешаванд, ки ин аз заҳматҳои зиёди устодон дарак медиҳад. Соли гузашта тибқи имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ  10 нафар  шогирди мо ба факултаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардид. Айни замон 15 хатмкардаи  гимназия дар мактабҳои олии мамолики хориҷӣ - дар шаҳрҳои Москва, Санкт – Петербург, Красноярск, Томски Федератсияи Русия, кишварҳои Англияю Олмон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил доранд. 7 нафар шогирди гимназия баъди хатми донишгоҳҳо ҳоло дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ босамар  фаъолият менамоянд. Аз зумраи хатмкардагони таълимгоҳ 3 олими ҷавон – номзади илмҳои физика ва математика Маҳмадсалим Абдукаримов, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ Баҳром Тағоев ва Фарҳод Қодиров устодони ДМТ мебошанд. 5 нафар хатмкардаи таълимгоҳ дар аспирантураҳои муассисаҳои олии кишвар таҳсил менамоянд.
Тайи чанд соли охир хонандагони таълимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст меоранд. Муслим Абдукаримов, Суҳроб Табаров, Мадина Неъматова, Cиёвуш  Қодиров, Ашӯр Кассиров, Шаҳриёр Ҷабборов, Шодмон Назирзода, Дилшод Назаров, Абдулло Дорузода, Амирҳамза Нозиров аз фанҳои математика, химия, забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ғолиб омаданд. Дар панҷ соли охир қариб 30 нафар хонандаи таълимгоҳ ғолиби олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ гардида, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз шуданд.
Шаҳноза Бобоева ҳамасола дар олимпиадаҳо ғолибият ба даст меорад. Соли гузашта ӯ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба гирифтани ҷои якум ва  медали тилло мушарраф гардид.  Имсол азми қавӣ дорад, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ пирӯзӣ ба даст орад.
Омӯзгорон Ҳусейн Шарифов, Насрулло Мукаррамов, Худодод Каримов дар озмуни шаҳрии «Муаллими сол» ғолиб баромада, дар даври минтақавӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Ҷаҳонбек АКРАМОВ,
муовини директори гимназияи
хонандагони лаёқатманди ба номи
Абулфазл Балъамии шаҳри Ваҳдат,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2015    №: 29    Мутолиа карданд: 1396
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед