мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КИЁШИ КОДЕРО
10 феврал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодероро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва 60 миллион доллари амрикоӣ кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳа дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолӣ амалӣ мешаванд.
Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.
Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.
Киёши Кодеро таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ дар оянда низ ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, бахусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2015 №: 31 Мутолиа карданд: 1372