барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ДОКТОР ҲАСАНИ РӮҲОНӢ
11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Фаро расидани иди миллии кишвар – солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро бо камоли хушнудӣ ва масаррат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод мегӯям.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳиму вижаро ишғол менамоянд. Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем.
Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, муътақид аст, ки кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид.
Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2015 №: 31 Мутолиа карданд: 1333