маориф
ОМӮЗГОР ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД
Омӯзгор набояд дар тарбияи шогирд ба хато роҳ диҳад, зеро мақоми устодӣ баробар ба мақоми тарбиятгари башар аст ва дар худ даҳҳо маънии хирадро мегирад. Баён гардидани ин ишора дар Паёми Сарвари давлат, мо, омӯзгоронро водор ба он кард, ки шиори ҳамешагиамон дар ҳамин маънӣ бошад. Бо қадам гузоштан ба остонаи мактаб ва дидани чеҳраи даҳҳо шогирд, рисолати касбии худро бидуни саҳлангорӣ ва хиёнат ба касби пуршафар иҷро кунем.
Дар кишвар ба тарбияи насли наврас шароит муҳайёст, мо бояд онро ба самти рушди кишвар, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон равона намоем.
Манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ бояд асоси пешравии ҷомеа бошанд. Дар Паёми Президенти кишвар ба фаъ-олияти омӯзгору мактаб, оила ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, аҳамияти вижа дода шуд. Соҳаи маориф самти афзалиятнок муайян гардид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар таълим ба рушди фанҳои дақиқ бештару беҳтар диққат дода шавад. Воқеан, нақши фанҳои дақиқ дар рушди ҷомеа муҳим аст. Донистани илмҳои риёзӣ, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, зеҳн ва завқи шогирдонро ба илмҳои дақиқ ва воқеияти олам наздик мегардонад. Шогирдони мо аз фанҳои дақиқ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хеле фаъ-оланд. Пӯшида нест, ки имрӯз ҷомеаи мо ба кадрҳои муҳандис, меъмор, технолог ва ғайра бештар ниёз дорад. Ин кадрҳоро кӣ метавонад омода созад? Алабатта омӯзгор. Аммо дар шинохт ва зеҳни шогирдон коштани меҳри касб кори саҳл нест. Барои ин омӯзгор бояд маҳорати педагогии худро истифода бурда тавонад. Танҳо муаллим, мактаб ва маориф бо дастгирии оила метавонад муҳитро барои тарбияи чунин кадрҳо фароҳам орад.
Тавре Сарвари давлат дар Паём таъкид кард, дар кишвар 1 миллиону 750 ҳазор нафар хонанда ҳаст, ки ҳар сол 110 – 112 ҳазор мактабро хатм мекунанд. Кор бо хатмкунандагон заҳмати муаллим талаб менамояд. Обрӯю мақоми омӯзгор бештар аз дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаи олии таълимӣ меафзояд. Ҳоло замон ва талабот дигар шудааст. Акнун давраи муаррифӣ кардани омӯзгор ва мактаб расидааст.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад.
Ин ишора ҳам бамаврид буд, ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.
Рафоат ҚУВВАТОВА,
омӯзгори гимназияи № 1 барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2015 №: 37 Мутолиа карданд: 1510