президент
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ
18 феврал дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси эродҳои раиси Шӯрои амният, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва камбудию норасоиҳои ҷиддии роҳдодаи онҳо, қабул шудааст, як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифа сабукдӯш гардиданд.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар дода шуд, аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов, роҳбарони прокуратураҳои вилоятҳои Суғду Хатлон Шариф Қурбонзода ва Сироҷиддин Нурзода ва прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифа озод карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2015 №: 37 Мутолиа карданд: 29192