номаҳо
Зарурат духтури асабро ҷарроҳ кард
Оғози зимистони соли 1996 муовини сардухтури ноҳия Алишер Шогурезов шитобон ба берун баромад ва ҳамроҳи дигарон зарардидагони садамаи нақлиётиро ба шӯъбаи ҷарроҳӣ бурд. Чашмаш ба ҷавонзане афтод, ки беҳуш мехобид. Рӯдаҳояш аз шикам берун овезон буданд. На танҳо дар ин беморхона, балки дар саросари ноҳия он вақт пайдо кардани ҷарроҳе амри маҳол буд. Ба Душанбе ё Ғарм бурдани бемор имкон надошт. Дар ин лаҳзаҳо ӯ ба бародари шафқат гуфт, ки дари утоқи ҷарроҳиро кушояд ва беморро ба он ҷо дарорад.
Баъди фурсате ҷарроҳӣ оғоз шуд. Хешу табори ҷавонзан бо умед сӯи утоқи ҷарроҳӣ чашм медӯхтанд, вале намедонистанд, ки амалиёти ҷарроҳиро духтури асабшинос мегузаронад. Амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт.
Сипас рӯи мизи ҷарроҳӣ кӯдакони хурдсолро паи ҳам гузоштанд. Якеро дасту дигареро пой шикаста буд. Табиб дасту пои кӯдаконро низ шикастабандӣ намуд.
Алишер Шогурезов аз он замон миёни мардуми ноҳия муҳаббати зиёдро касб кардааст. Чанде пеш туфайли донишу таҷриба, дастони шифобахш ва суханони меҳрбори ӯ аз бемории асаб раҳоӣ ёфтам. Ва ин номаро барои изҳори сипос ба ӯ таълиф кардам. Хуб мешуд, агар онро дар гӯшаи «Розу ниёз» ба табъ мерасонидед.
Қ. ҶУМЪА, ноҳияи Нуробод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7316