барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ
27 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷалолатмаоб,
Хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андуҳи амиқи мо гашт.
Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.2015 №: 44 Мутолиа карданд: 1371