logo

порлумон

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ: РИСОЛАТИ НАМОЯНДАГӢ АЗ МУҚАДДАСТАРИН УҲДАДОРИҲОСТ

27 феврали соли равон ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. Дар он Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум гузориш дод.

Мавсуф зикр кард, ки дар ҷараёни фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон нуҳ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир гардид. Дар шаш ҷаласаи якҷоя паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардиданд, ки дар онҳо Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Назар ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон 134 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар онҳо 993 лоиҳаи қонуну қарор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд. 115 қонуни мукаммал қабул гардид, ки аксари онҳо дар низоми қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд. Ҳамчунин 108 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 226 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 603 қонуни конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои мукаммал ва қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Чор қонун аз эътибор соқит дониста шуд. Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 лоиҳаи қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 345, аъзои Маҷлиси миллӣ 18, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 40 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 162 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул шуданд.
Дар ҷараёни фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бори нахуст 14 апрели соли 2010 бо қарори Маҷлиси намояндагон Комиссияи муваққатии экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан ба Комиссияи доимии Маҷлиси намояндагон табдил дода шуд. Яке аз дастовардҳои дигари даъвати чорум таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки дар ин давра дар Маҷлиси намояндагон 4922 муроҷиати хаттӣ ва 31323 муроҷиати шифоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси реҷа ва рӯзҳои муайяни ҳафта амалӣ гардида, иҷрои дархосту муроҷиати онҳо зери назорат қарор дошт.
Бино ба иттилои Шукурҷон Зуҳуров, чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипорлумониашон бо ордену медалҳои тиллою нуқра ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сарфароз гардиданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки рӯзномаи «Садои мардум» дар ҷараёни фаъолияти даъвати чорум тамоми паҳлуҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагонро дар саҳифаҳои худ возеҳу равшан инъикос намуда, барои муаррифии порлумон ба аҳли ҷомеа хидмати шоистаеро амалӣ гардонд.
Ҳамчунин, рӯзномаи «Ҷумҳурият», дигар рӯзномаҳо ва радиову телевизионҳои давлатӣ фаъолияти моро барои аҳли ҷомеа ба таври воқеӣ инъикос намуданд.
Шукурҷон Зуҳуров ба вакилон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, гуфт, ки рисолати намояндагӣ ва қонунгузорӣ яке аз мушкилтарин ва муқаддастарин уҳдадориҳоест, ки ободии Ватан, беҳдошти рӯзгори мардум ба чигунагии иҷрои он бисёр вобаста аст.

Мунаввари САФАР,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2015    №: 45    Мутолиа карданд: 1442
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед