мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ЛЕБЕДЕВ
2 март, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия - дабири иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорат аз рафти интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки 1-уми март доир гардид, баррасӣ шуданд. Сергей Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.
Роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ бори дигар таъкид дошт, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин иттиҳод сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2015 №: 45 Мутолиа карданд: 1358