номаҳо
Моро дар навбати аввал номнавис бикунанд
Чандин сол боз мехостам, ки як фаризаи ислом, яъне зиёрати хонаи Каъбаро ба ҷо биёрам. Ба ин мақсад маблағ ҷамъ овардам. Ба хотири супурдани пул ба филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар шаҳри Душанбе, омадам. Дар ин ҷо ба ман фаҳмонданд, ки имсол онҳо аз рӯи рӯйхати пешниҳодшуда маблағро қабул менамоянд.
Барои сабти номам пеш аз ин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардам. Дилпурам намуданд, ки номамро дар рӯйхати зоирон ҷой медиҳанд. Аммо ба ваъда вафо накарданд. Ҳамин тавр, ман имсол ин фаризаро ба ҷо оварда наметавонам. Ва ба мани мӯйсафеди ҳаштодсола кӣ кафолат дода метавонад, ки то ба соли дигар зинда мемонам? Агар зинда монам ҳам, бовар надорам, ки номамро дар рӯйхат дохил мекунанд, чун хоҳишманду «мавқеъдорон» бисёранд. Аз ин рӯ бисёр мехостам, ки дар оянда ба масъалаи қабули хоҳишмандону сабти номи зоирони хонаи Каъба таҷдиди назар шавад. Яъне мо барин мӯйсафедонро, ки офтоби сари кӯҳем, дар навбати аввал номнавис бикунанд. Инчунин маблағро ба бонкҳои шаҳру ноҳияе, ки истиқомат менамоем, бисупорем.
С. АМИРХОН, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7205